Соли 2022 дар Қазоқистон якчанд тамрини неруҳои СПАД баргузор мешавад

Соли равон дар қаламрави Қазоқистон якчанд тамрини низомии неруҳои Созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ (СПАД) баргузор мешавад, хабар медиҳад КазТАГ бо истинод ба хадамоти матбуоти Вазорати дифои ин кишвар. “Тирамоҳи соли ҷорӣ дар машқгоҳи “Матибулоқ”-и Қазоқистон баргузории тамрини махсуси воҳидҳои таъминоти моддӣ-техникии неруҳои дастаҷамъонаи СПАД  – “Эшелон-2022”, тамрини махсуси неру ва воситаҳои иктишофии “Поиск-2022” ва тамрини […]

Соли равон дар қаламрави Қазоқистон якчанд тамрини низомии неруҳои Созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ (СПАД) баргузор мешавад, хабар медиҳад КазТАГ бо истинод ба хадамоти матбуоти Вазорати дифои ин кишвар.

“Тирамоҳи соли ҷорӣ дар машқгоҳи “Матибулоқ”-и Қазоқистон баргузории тамрини махсуси воҳидҳои таъминоти моддӣ-техникии неруҳои дастаҷамъонаи СПАД  – “Эшелон-2022”, тамрини махсуси неру ва воситаҳои иктишофии “Поиск-2022” ва тамрини ҳайати фармондеҳӣ-ситодии неруҳои дастаҷамъонаи вокуниши фаврии Созмон – “Взаимодействие-2022” ба нақша гирифта шудааст”, – омадааст дар хабар.

Тавре ки дар Вазорат хабар додаанд, дар машварати доир ба баррасии ин масоил доиргардида “тавофуқҳо ҳосил шуданд, ки ба таҳким ва рушди неру ва воситаҳои низоми амнияти дастаҷамъӣ равона мешаванд”.

“Дар машварат масоили таъмини амнияти ҳарбӣ дар минтақаи зери масъулияти Созмон, такмили механизмҳои вокуниши фаврӣ ва роҳандозии парвозҳои байнулмилалии авиатсияи Қувваҳои мусаллаҳи кишварҳои узви СПАД баррасӣ шуданд”, – зикр мегардад дар хабар.

Гуфта мешавад, ҷонибҳо инчунин нақшаи баргузории чорабиниҳо оид ба омодагии муштараки мақомоти идоракунӣ, ҷузъу томҳои неру ва воситаҳои низоми амнияти дастаҷамъиро дар соли 2022 тасдиқ карданд.

Қобили зикр аст, ки ба ҳайати СПАД кишварҳои Русия, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон шомиланд.

Ёдрас мекунем, ки Неруҳои дастаҷамъии зудамали СААД барои вокуниши фаврӣ ба таҳдиду хатарҳо нисбат ба кишварҳои аъзи Созмон таъин шудаанд. Ин неруҳо бар асоси Қарори Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД аз 4 феврали соли 2009 ташкил карда шудаанд. Шумори умумии ҳайати он ҳудуди 18 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.