Эмомалӣ Раҳмон се судяро барканор кард: яке барои синну сол ва дуи дигар барои саломатӣ

Эмомалӣ Раҳмон се судя ё додраси се ноҳияи кишварро аз мақом барканор кардааст. Дар ин бора Хадамоти матбуоти раисҷумҳур хабар медиҳад.  Бар асоси фармони президент, додрасҳои ноҳияҳои Мурғоби ВМКБ, Кӯҳистони Мастчоҳи вилояти Суғд ва Шоҳмансури шаҳри Душанбе аз мақом барканор шуданд. Манбаъ дадели барканории додрасҳоро расидан ба синни ниҳоӣ ва вазъи саломатӣ марбут донистааст. Субҳи […]

Ҳалим Ҷӯраев, Asia-Plus

Эмомалӣ Раҳмон се судя ё додраси се ноҳияи кишварро аз мақом барканор кардааст. Дар ин бора Хадамоти матбуоти раисҷумҳур хабар медиҳад. 

Бар асоси фармони президент, додрасҳои ноҳияҳои Мурғоби ВМКБ, Кӯҳистони Мастчоҳи вилояти Суғд ва Шоҳмансури шаҳри Душанбе аз мақом барканор шуданд. Манбаъ дадели барканории додрасҳоро расидан ба синни ниҳоӣ ва вазъи саломатӣ марбут донистааст.

Субҳи 20-уми апрел дар асоси фармони раисҷумҳури Тоҷикистон Меҳмон Аловиддин Бозгул раиси Додгоҳи ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Раҳимзода Абдусалим додраси додгоҳи ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳи вилояти Суғд ва Умарзода Ирода Бахтиёр додраси додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе аз вазифа озод шуданд.

Додраси аввалӣ барои расидан ба синни ниҳоии ишғоли мақоми додрасӣ ва дуйи дигар бинобар вазъи саломатӣ мақомҳояшонро аз даст додаанд.

Дар ҳамин ҳол манбаъ хабар надодааст, ки оё ба ҷойи додрасҳои барканоршуда нафарони наве таъин шудаанд ё не.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Қариб 50 млн евро қарзу грант барои коҳиши талафоти барқ дар Суғду Хатлон. Шарту шароити қарз чӣ гуна аст?

Ҳадафи лоиҳа коҳиши талафоти барқ ва ҷорӣ кардани низоми муосири ҳисоббаробаркунӣ гуфта мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 67

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

CММ: Бар асари низоъ дар Ховари Миёна то 32 млн нафар метавонанд дар хати фақр қарор гиранд

Хавфи ба ин ҳолат дучор шудани кишварҳои Халиҷи Форс, Осиё, Африқо ва ҷазираҳои хурд бештар аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 апрели соли 2026

Аз ҷорӣ гардидани хати лотинӣ дар Тоҷикистон то зодрӯзи Садриддин Айнӣ ва Рӯзи ҷаҳонии фарҳанг

“На ҷанг ва на сулҳ”. Пас аз музокироти ноком қадами баъдии Эрону Амрико чӣ хоҳад буд?

Коршиносони тоҷик мегӯянд, Эрон “фишанги дигаре” ҳам дорад, ки агар истифода кунад, таҳдиди ҷиддӣ ба раёсати Доналд Трамп хоҳад шуд.

Дар чанд мактаби Бохтар барномаи “еKhonish” ба кор оғоз кард

Бохтар дуввумин шаҳр дар вилоят аст, ки ба ин барнома прайваст гардид.

Куриё барои таъминоти нерӯи барқ дар Ромит 14 миллион доллар медиҳад

Дар доираи лоиҳа 8 ҳазор сокини ҷамоати Ромит ба барқ дастрасӣ пайдо мекунанд.

“Уқоби тоҷик” дар ҳоли омодагӣ ба парвоз. Қарордоди нави Нурулло Алиев бо UFC

“Уқоби тоҷик” имрӯз дар Амрико ва Тоҷикистон бо машқу тамринҳо машғул аст.