Дар Қазоқистон қонуни пурбаҳси назораткунандаи шабакаҳои иҷтимоӣ қабул шуд

Қосимҷомарт Тоқаев, президенти Қазоқистон рӯзи 3 май қонун дар бораи ҳифзи ҳуқуқи кӯдаконро имзо кард. Ин қонун ба мақомот иҷоза медиҳад, аз соҳибони саҳифаҳои шабакаҳои иҷтимоӣ ва паёмрасонҳо талаби пок кардани ҳама гуна хабар ва ё муҳтавоеро кунанд, ки таҳқири интернетии кӯдакон дониста мешаванд. Рӯзи 20 апрел палатаи поёнии порлумони Қазоқистон пешниҳоди палатаи болоии порлумонро […]

Хадамоти хабарҳи Осиёи Марказӣ

Қосимҷомарт Тоқаев, президенти Қазоқистон рӯзи 3 май қонун дар бораи ҳифзи ҳуқуқи кӯдаконро имзо кард. Ин қонун ба мақомот иҷоза медиҳад, аз соҳибони саҳифаҳои шабакаҳои иҷтимоӣ ва паёмрасонҳо талаби пок кардани ҳама гуна хабар ва ё муҳтавоеро кунанд, ки таҳқири интернетии кӯдакон дониста мешаванд.

Рӯзи 20 апрел палатаи поёнии порлумони Қазоқистон пешниҳоди палатаи болоии порлумонро дар мавриди тағйироти қонуни мазкур қабул кард.

Сенат ё палатаи болоии порлумони Қазоқистон дар мавриди ташкили комисияи босалоҳият барои муайянсозии таҳқири киберӣ, поксозии маводи марбут ба таҳқири киберӣ тағйиру иловаҳо пешниҳод карда буд.

Мунаққидон гуфтанд, тарҳи қонуни мазкур, ки моҳи сентябри соли гузашта аз сӯи вакилони порлумон Айдос Сарим ва Динара Закиева пешниҳод шуда буд, ба мақомот имкони ташкили василаи нави сензураро медиҳад. Муаллифони тарҳ гуфтанд, қонун қатъият барои ҳифзи кӯдакон аз таҳқири киберӣ ва мубориза зидди паҳнсозии "муҳтавои хатарнок" таҳия шудааст.

Ҷомеаи мадании Қазоқистон дар замони баррасии тарҳ ва ҳам баъди қабули он меъёрҳои қонунро танқид мекунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.