ВЭБ: Муҳоҷирати корӣ аз Осиёи Марказӣ барои Русия судманд аст

Интиқоли захираҳои меҳнатӣ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ба Русия барои ҳама ҷонибҳо бештар фоида меорад, на оқибатҳои манфӣ. Ин хулосаи умумии коршиносони Пажуҳишгоҳи ВЭБ.РФ (Корпортасияи давлати рушд, то соли 2018 –  Внешэкономбанк) аст, ки доир ба масъалаи муҳоҷирати корӣ ба Русия аз кишварҳои маъмулӣ – Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон пажуҳиши густарда анҷом додаанд, хабар медиҳад […]

Интиқоли захираҳои меҳнатӣ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ба Русия барои ҳама ҷонибҳо бештар фоида меорад, на оқибатҳои манфӣ. Ин хулосаи умумии коршиносони Пажуҳишгоҳи ВЭБ.РФ (Корпортасияи давлати рушд, то соли 2018 –  Внешэкономбанк) аст, ки доир ба масъалаи муҳоҷирати корӣ ба Русия аз кишварҳои маъмулӣ – Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон пажуҳиши густарда анҷом додаанд, хабар медиҳад РБК.

Паҳлӯҳои манфии ин раванд дар он ифода меёбанд, ки муҳоҷирон камбуди қувваи арзони кориро дар кишвари қабулкунанда бароварда намуда, пули коркардаашонро ба ватан мефиристанд. Ҷиҳатҳои манфиаш мушкилоти бо ҷомеа яксон шудан (ассимилятсия), таҳаммулнопазирӣ (ксенофобия), шароити номусоиди зист, шуғли ғайрирасмӣ, гаравидан ба тундгароӣ ва иштирок дар фаъолияти ҷиноятгароӣ унвон мешавад.

Муаллифони гузоришҳо бар ин назаранд, ки барои рафъи камбудиҳои муҳоҷирати корӣ кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ЕАЭС) ва пеш аз ҳама Русия, бояд барои зиндагӣ ва кори муҳоҷирони воридшуда шароити мусоид фароҳам оваранд.

Сиёсати дақиқи муҳоҷират, ташкили як низоми касбомӯзӣ ва мутобиқсозии воридшудагон ба ҷомеаи Русия аз ҷумлаи тавсияҳои онҳо номбар мешавад.

Манфиатҳо барои Русия

Муҳоҷирони корӣ беш аз 10%-и тамоми нерӯи кории Русияро ташкил медиҳанд. Шумораи муҳоҷирони хориҷиро дар соли 2021 Вазорати корҳои дохилии Русия 7 млн нафар ҳисоб кардааст. Ҳамзамон, 2,1 млн нафар то охири соли 2021 расман иҷозатномаи кор ё патенти меҳнатӣ доштанд, хабар медиҳад Росстат.

Коршиносон ишора мекунанд, ки талаботи зиёд ба коргарони хориҷӣ ба бӯҳрони демографӣ дар Русия марбут аст, ки боиси камбуди нерӯи корӣ шудааст.

Дар таҳқиқот гуфта мешавад, ки коргарони хориҷа ба афзоиши зарфияти бозори дохилии Русия кумак мекунанд, зеро аз ним то аз се ду ҳиссаи маошашон барои хариди ғизо ва маҳсулоти ғайриозуқа, инчунин хидматрасониҳо дар кишвари ҳузурдоштаашон сарф мешавад.

Илова бар ин, муҳоҷирони корӣ "дар ҳолати бӯҳронҳо ва афзоиши бекорӣ нақши қабулкунандаи оқибати манфии онро ба дӯш мегиранд", – зикр мекунанд муаллифони таҳқиқот. Ин дар он ифода меёбад, ки ҳангоми бад шудани вазъи иқтисодӣ ва поин рафтани талабот дар бозори меҳнат, аввалин шуда муҳоҷирон аз кор ронда мешаванд. Як назарсанҷии тобистони соли 2020 нишон дод, ки 75%-и муҳоҷирони корӣ дар Русия ё кори худро аз даст додаанд ё ба рухсатии бемузд фиристода шудаанд.

Бартарии дигари муҳоҷирони корӣ дар он аст, ки онҳо барои фаъолияти корӣ патент мегиранд, ки манбаи даромади буҷет аст. Шаҳрвандони Ӯзбекистон ва Тоҷикистон дар Русия тибқи патенти меҳнатӣ кор мекунанд, дар ҳоле ки шаҳрвандони Қирғизистон баъд аз пайвастани ин кишвар ба Иттиҳоди иқтисодии АВруОсиё (ЕАЭС) ба патент ниёз надоранд. Тибқи маълумоти ВКД, дар 11 моҳи соли 2020 муҳоҷирон барои ба даст овардани патент қариб 44 млрд рубл масраф кардаанд.

Баҳри беҳбуди вазъ дар ин самт коршиносон таъмини ҳуқуқҳои корӣ ва иҷтимоии муҳоҷирон, таъсиси биржаи меҳнат ва платформаи ягонаи электронии хидматрасониҳои давлатӣ барои муҳоҷирон, ҳавасмандсозии кӯчидани оилаҳои муҳоҷирон ба Русия, таҳияи барномаи ҷалби муҳоҷирон ба раванди қабули қарор дар сатҳи маҳалҳоро тавсия додаанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.