Бохти Сумая Қосимова дар қувваозмоии аввали мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон

Дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба бокс миёни занон дар Туркия варзишгардухтари тоҷик Сумая Қосимова дар вазни зери 48 кг дар рақобат бо варзишгари Булғористон Севде Асенова бо ҳисоби 0:5 ба шикаст дучор шуд. Дар вазни то 50 кг Руҳафзо Ҳақназарова бо муштзан аз Боливия Айда Санталла, вазни то 57 кг – Мижгона Самадова бо […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба бокс миёни занон дар Туркия варзишгардухтари тоҷик Сумая Қосимова дар вазни зери 48 кг дар рақобат бо варзишгари Булғористон Севде Асенова бо ҳисоби 0:5 ба шикаст дучор шуд.

Дар вазни то 50 кг Руҳафзо Ҳақназарова бо муштзан аз Боливия Айда Санталла, вазни то 57 кг – Мижгона Самадова бо Лин Юй Тан (Тайбэйи Чин), дар вазни то 63 кг – Шоира Зулқайнарова бо намояндаи Кувейт Нура Ал-Мутаирӣ қувваозмоӣ мекунанд.

Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс байни занон 6 май дар Туркия оғоз шуд. Мусобиқа дар Истанбул то 21 май идома ёфта, дар он 419 муштзанон аз 93 кишвари саросари дунё ширкат меварзанд.

Мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар 11 вазн баргузор шуда, маблағи фонди ҷоизавии он 2,4 млн долларро ташкил медиҳад.

Дар ҳар кадоме аз вазнҳо барои ҷойи аввал 100 ҳазор доллар, зинаи дуюм – 50 ҳазор доллар ва мақоми сеюм – 25 ҳазор доллар мукофтпулӣ дода мешавад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.