Расонаҳои Афғонистон аз даргирии чорсоатаи “Толибон” бо марзбонони Тоҷикистон хабар медиҳанд

Расонаҳои Афғонистон аз як даргирии чорсоатаи "Толибон" бо марзбонони Тоҷикистон хабар медиҳанд. Ба навиштаи расонаҳо ин даргирӣ дар шимоли Афғонистон, дар марзи муштарак дар наздикиҳои Шерхонбандар сурат гирифтааст.  Ба навиштаи Афғонистон Интернейшнл даргириро аввал "Толибон" оғоз кардаанд. Ин тирпаронӣ бар пайи як таниши лафзӣ, шаби шанбе ба якшанбеи 15-уми май оғоз шудааст ва неруҳои "Толибон" нахуст […]

Расонаҳои Афғонистон аз як даргирии чорсоатаи "Толибон" бо марзбонони Тоҷикистон хабар медиҳанд. Ба навиштаи расонаҳо ин даргирӣ дар шимоли Афғонистон, дар марзи муштарак дар наздикиҳои Шерхонбандар сурат гирифтааст. 

Ба навиштаи Афғонистон Интернейшнл даргириро аввал "Толибон" оғоз кардаанд. Ин тирпаронӣ бар пайи як таниши лафзӣ, шаби шанбе ба якшанбеи 15-уми май оғоз шудааст ва неруҳои "Толибон" нахуст тирпарониро шуруъ кардаанд. 

"Гуфта мешавад, ки нахуст неруҳои "Толибон" ба сӯйи Тоҷикистон тирандозӣ кардаанд ва сипас марзбонони Тоҷикистон" ба нуқтаи сафари марзӣ ҳамла кардаанд",- навиштааст  Афғонистон Интернейшнл.

Ҷониби Тоҷикистон то кунун дар ин бора изҳори назар накардааст. Гурӯҳи "Толибон" ҳам то кунун дар ин маврид расман чизе нагуфтааст.

Минтақаи Шерхонбандар дар шимоли Афғонистон, дар вулусволии Имом Соҳиби вилояти Қундуз бо ноҳияи Панҷи вилояти Хатлони Тоҷикистон ҳаммарз аст. Дар ин ҷо бар болои дарёи Ому аз сӯйи Тоҷикистон пули мошингузар бунёд шудааст, ки ду кишвар тавассути ин пул молу маҳсулотро аз кишварҳои дигар ва кишварҳои дигари минтақа мекашонанд.

Пас аз расидани "Толибон" ба қудрат дар Кобул дар моҳи августи соли гузашта, ин нахустин бор аст, ки неруҳои ин гурӯҳ бо марзбонони Тоҷикистон дар Шерхонбандар даргир мешаванд. Дар гузашта, ронандагону тоҷирон ва ҳатто мансабдорони вилояти Хатлон аз бархӯрди неруҳои "Толибон" дар ин гузаргоҳи марзӣ ситойиш карда буданд.

Хабаргузории "Спутник Афғонистон" ҳам бо такя ба манобеи худ аз сар задани ин даргирӣ хабар додааст.

Афғонистон Интернейшнл ҳамчунин навиштааст, ки дар ин даргирӣ аз силоҳҳои сангину сабук истифода шудааст. 

"Ин даргирӣ пас аз гуфтугӯҳои мақомҳои марзбонии ду тараф поён ёфтаааст, аммо "Толибон" пас аз ин даргирӣ ба марз неруҳои бештар фиристодаанд",-навиштааст манбаъ.

Дар бештар аз як ҳафтаи ахир, бори дувум аст, ки миёни марзбонони Тоҷикистону неруҳои "Толибон" тирандозӣ сурат мегирад.  Рӯзи 7-уми май бархе расонаҳо хабар доданд, ки аз хоки Афғонистон ба Тоҷикистон ҳамлаи мушакӣ сурат гирифтааст. Гурӯҳи ДОИШ бо нашри як баёния иддао кард, ки ба Тоҷикистон ҳамла кардааст. Аммо баъдар Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон бо нашри як изҳорот ин иддаҳоро рад кард.

КДАМ Тоҷикистон дар изҳороташ рӯзи 8-уми май гуфт, ки неруҳои Толибон бо ДОИШ даргир шудаанд ва дар натиҷаи ин даргирӣ чанд "тири тасодуфӣ" ба сӯйи Тоҷикистон гузаштаанд. 

Забеҳулло Муҷоҳид, сухангӯйи ҳукумати муваққати "Толибон" пас аз ин ҳодиса гуфта буд, ки онҳо талош мекунанд омилони ин ҳамла ба Тоҷикистонро пайдо ва ба муҷозот бикашанд. 

Пас аз ин даргирии рӯзи 7-уми май, дар гузаргоҳи сарҳадии Панҷи Поён ва Шерхонбандари Афғонистон роҳҳои боркашонӣ ва равуои мошинҳои муваққат баста шуда буд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

 

 

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.