Мардҳо ҳам ниқоб бастанд: Эътирози рӯзноманигорон алайҳи маҳдудиятҳои Толибон барои журналистони зан

Дар пайи фармони нави Толибон барои рӯзноманигорони зан дар телевизионҳои Афғонистон, ки бояд ҳангоми зоҳир шудан дар пардаи телевизион ниқоб бибанад ва рӯйи худро то чашмҳо бипӯшонанд, бархе аз рӯзноманигорони мард ҳам ниқоб бастаанд. Аз ҷумла ровиёну муҷриёни телевизионҳои "Як", "Тулуънеюс" ва "Тулуъ" пас аз фармони "Толибон" бо ниқобҳои баста дар пардаи телевизион пайдо шуда, […]

Дар пайи фармони нави Толибон барои рӯзноманигорони зан дар телевизионҳои Афғонистон, ки бояд ҳангоми зоҳир шудан дар пардаи телевизион ниқоб бибанад ва рӯйи худро то чашмҳо бипӯшонанд, бархе аз рӯзноманигорони мард ҳам ниқоб бастаанд.

Аз ҷумла ровиёну муҷриёни телевизионҳои "Як", "Тулуънеюс" ва "Тулуъ" пас аз фармони "Толибон" бо ниқобҳои баста дар пардаи телевизион пайдо шуда, ҳамчунин аксҳои гуруҳие аз хабарнигорон дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шудааст, ки онҳо низ дар баробари хабарнигорони зан ниқоб бастаанд.

Ҳукумати Толибон дар ҳафтаи гузашта барои хабарнигрони зан дар етелвизионҳо дастур дод, ки ниқоб бибанданд то чеҳрашон намудор нашавад. 

Чапалвок Софӣ, масъули барномаҳои хабарии "Тулуънеюс" аксҳое аз ҷаласаи ин шабакаро бар пайи фармони нави Толибон, ки ҳамаи рӯноманигорони марду зан бо ниқоб ҳузур доранд, дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр карда ва навиштааст, ки "имрӯз ҳамаи мо ғамгинем".

Саъд Муҳсинӣ, муассиси ширкати "Мобигрупп", ки телевизионҳои "Тулуънеюс" ва "Тулуъ" ҳам шомили он мешаванд, аксҳое аз муҷриёни барномаҳои хабарии "Тулуънеюс"-ро дар твитте нашр кард ва навишт, ки "кори онҳоро эҳтиром мегузорад".

Бисёре аз созмонҳову ниҳодҳои ҳуқуқи башар аз ин фармони нави Толибон интиқоди шадид кардаанд.

Ҳомид Карзай, раисҷумҳури пешини Афғонистон ҳам аз ин фармон интиқод карда, дар мусоҳибае бо CNN аз хабарнигорони зани Афғонистон хостааст, ки ин фармони Толибонро итоат накунанд.  

Ҳукумати Толибон дар вокуниш ба изҳори назари Карзай гуфтааст, ки нуқтаназарҳои раисҷумҳури собиқро "табсира намекунанд", яъне шарҳ намедиҳанд.

Толибон ин дастури худро ғайриқобили баҳс медонанд ва вазорати амри маъруфи ин гурӯҳ рӯзи шанбе эълон кард, ки ин дастур бояд аз рӯзи якшанбе ба баъд бояд бечуну чаро иҷро шавад. 

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

 

 

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.