Эмомали Раҳмон: “Тоҷикистон дар ҳалли мушкилоти об пешсаф будани худро собит намуд”

Дар Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор,  солҳои  2018 – 2028», ки имрӯз дар Душанбе ҷараён дорад, президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуд, ки Тоҷикистон намунаи омӯзиши оқилона ва самараноки захираҳои об мебошад. Суханронии президент ба мавзӯи «Пешбурди амал ва шарикӣ дар соҳаи захираҳои об дар сатҳи […]

Asia-Plus

Дар Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор,  солҳои  2018 – 2028», ки имрӯз дар Душанбе ҷараён дорад, президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуд, ки Тоҷикистон намунаи омӯзиши оқилона ва самараноки захираҳои об мебошад.

Суханронии президент ба мавзӯи «Пешбурди амал ва шарикӣ дар соҳаи захираҳои об дар сатҳи маҳаллӣ, миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ» бахшида шудааст, хабар медиҳад АМИТ “Ховар” аз “Кохи Сомон” – макони баргузории конфронс.

«Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ дар масъалаи об бо пешниҳоду ташаббусҳои созанда баромад намуда, дар ин росто кишвар пешсаф будани худро собит кардааст, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ ва қадрдонӣ карда мешавад”, – гуфт президент.

Ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон, ҳукумати Тоҷикистон ба манзури пайгирии ин равандҳо ва андешидани тадбирҳои мутобиқшавӣ  «Барномаи давлатии омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳо то соли 2030»-ро қабул намудааст.

“Мо дар назди Академияи илмҳо Маркази омӯзиши пиряхҳоро таъсис додем ва талошҳоро дар ин самт дар сатҳи байналмилалӣ зиёд хоҳем кард. Бояд тазаккур дод, ки Тоҷикистон ташаббуси таъсиси Хазинаи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва эълон шудани соли 2025-ро ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ба миён гузошт”, – таъкид дошт сарвари давлати Тоҷикистон.

Сарвари давлат пиряхҳоро манбаи асосии оби тоза арзёбӣ намуда, хотиррасон  кард, ки обшавии босуръати онҳо дар баробари афзоиши истеъмоли об, вобаста ба афзоиши аҳолӣ ва рушди иқтисодӣ метавонад оқибатҳои хеле манфӣ дошта бошад.

Дар  Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028»  беш аз 2000 нафар шахсиятҳои олӣ, сиёсатмадорон, олимон, коршиносон, намояндагони  ҳукумати мамлакат, СММ ва агентии он, созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, институтҳои молиявӣ, муассисаҳои илмӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, аз ҷумла занон ва ҷавонон номнавис шудаанд, ба таври ҳузурӣ ва маҷозӣ иштирок доранд. Конфронс имрӯз, 6 июн ба кор оғоз намуда, то 9 июн идома меёбад.

Конфронси Душанбе марҳилаи калидӣ дар омодагӣ ба Конфронси СММ оид ба шарҳи миёнамуҳлати Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», ки моҳи марти соли 2023 дар Ню-Йорк таҳти раёсати Тоҷикистон ва Нидерланд баргузор мешавад, хоҳад буд. Интизор меравад, ки Конфронси Ню-Йорк на танҳо аз нигоҳи вақт (бори нахуст пас аз тақрибан 50 сол), балки аз ҷиҳати натиҷагирӣ низ таърихӣ буда, нуқтаи гардиш дар суръатбахшии амалҳо барои ноил шудан ба ҳадафҳои обро нишон медиҳад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар пайроҳаи шоир. Чӣ гуна хотираи Мирзо Турсунзода дар зодгоҳаш Қаротоғ ҳифз мешавад?

Имсол 115-солагии ин шоири халқӣ ва Қаҳрамони Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.

Фариштамоҳ Асламова: “Боварӣ надоштам, ки “Miss Dushanbe – 2026” мешавам”

Ин зебосанам кист ва сирри мувафақияти ӯ дар чист? Дар гузориши вижаи мо бубинед.

Дар Тоҷикистон Стратегияи рушди соҳаи алоқа қабул шудааст

Мақомот бовар доранд, ки ин ҳуҷҷат барои беҳтар шудани сифати интернет ва арзон шудани нархи он замина мегузорад.

Ҳалокати се тан дар пайи селу обхезӣ дар Кӯлоб. Эмомалӣ Раҳмон ба хонаводаи ҷонбохтагон изҳори ҳамдардӣ кард

Шаби гузашта дар пайи борони шадид дар шаҳри Кӯлоб сел омада, бархе маҳаллаҳо зери об мондаанд.

“Девори Бухоро манам!” Намоиши “Тоҷгузори миллат” аз чӣ қиса мекунад?

Дар Душанбе корномаи Наср ва Исмоили Сомонӣ ба саҳна гузошта шуд

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Комил Ёрматов ва Мирзо Турсунзода то Рӯзи байналмилалии Ҳаррӣ Поттер

“Касб ҷинсият намешиносад”. Чӣ тавр зани тоҷик дар Амрико усто шуд?

Ӯ аз камтарин занони тоҷик дар иёлоти Лос-Анҷелес мебошад, ки бо таъмири техникаи маишӣ машғул аст.

Мақомот бори аввал қазияи “устухон хӯрдан”-и сарбоз ва сабаби марги ӯро шарҳ доданд

Пайвандонаш мегӯянд, сарбози 23-сола дар натиҷаи беэътиноии масъулини қисми низомӣ нисбати саломатиаш ҷон бохт.

Дар Суғд фурӯши чанд маҳсулоте, ки тез вайрон мешаванд, манъ шуд

Фурӯши кадом маҳсулот манъ шудааст? Дар ин хабари мо хонед.