Тағйири қоидаҳои футбол: акнун ба ивази 5 футболбоз иҷоза дода мешавад

Шӯрои байнулмилалии ассотсиатсияҳои футбол (IFAB) дар ҷаласаи рӯзи 13 июн дар Давҳа ба қоидаҳои футбол расман тағйирот ворид намуда, қоидаи ба таври доимӣ иваз кардани 5 футболбозонро дар вақти бозӣ тасдиқ кард. Дар маҷлиси солона таҳти раисии президенти ФИФА Ҷанни Инфантино, ки дар он намояндагони ФИФА, Ассотсиатсияҳои футболи Англия, Ирландия, Шотландия, Уэлс ва дастгоҳи IFAB […]

Asia-Plus

Шӯрои байнулмилалии ассотсиатсияҳои футбол (IFAB) дар ҷаласаи рӯзи 13 июн дар Давҳа ба қоидаҳои футбол расман тағйирот ворид намуда, қоидаи ба таври доимӣ иваз кардани 5 футболбозонро дар вақти бозӣ тасдиқ кард.

Дар маҷлиси солона таҳти раисии президенти ФИФА Ҷанни Инфантино, ки дар он намояндагони ФИФА, Ассотсиатсияҳои футболи Англия, Ирландия, Шотландия, Уэлс ва дастгоҳи IFAB иштирок карданд, инчуин озмоиши ҷории ивази футболбозон бо сактаи майнаи сар, алтернативаҳои имконпазири офсайд (ҳолати нобозӣ) ва барномаҳои навтарини технологӣ барои дастгирии шахсони расмии бозӣ баррасӣ шуданд.

Шумори ивази футболбозон аз 3 то 5 нафар моҳи майи соли 2020 дар пасманзари пандемияи коронавирус муваққатан зиёд шуда, дар натиҷа ин иқдом аз ҷониби тамоми ҷомеаи футбол дастгирӣ ёфт. Қоидаи мазкур аз 1 июли соли 2022 мавриди амал қарор мегирад.

Ҳамчунин IFAB тасмим гирифт, ки шумори ниҳоии футболбозонро барои захира (запас) дар бозӣ аз 12 то 15 нафар бозингарон зиёд кунад.

Барои иваз кардани футболбозон дастаҳо танҳо 3 маротиба ба боздоштани ҷараёни бозӣ ҳуқуқ доранд. Аз ин рӯ, барои истифодаи ҳамаи 5 иваз, бозингаронро метавон дар вақти танаффус ё дар як вақт якчанд бозингарро иваз намуд.

Эҳтиром гузоштан ба доварон мушкилоти глобалӣ унвон шуда, иштирокчиёни машварат розӣ шуданд, ки барои ҳалли он тадбирҳо таҳия мекунанд, аз ҷумла роҳандозии озмоиши камераҳо дар тан (бадан), ки доварон онҳоро дар футболи оммавии калонсолон бо худ доранд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Миёни онҳо метавон аз ширкатҳое чун J.P. Morgan, Loomis Sayles & Company, Morgan Stanley Investment Management ва Global Evolution ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...