Рӯзноманигорон расидагии Рустами Эмомалиро ба қазияи Далеру Абдуллоҳ дархост карданд

Раҷаб Мирзо, журналисти мустақил, фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ, маъмури гурӯҳи фейсбукии “Ахбор барои афкор” бо нашри як мyроҷиатнома аз раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси олии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ хост, ки ба қазияи рӯзноманигор ва блогнависи мустақил Далери Имомалӣ ва Абдулло Ғурбатӣ расидагӣ кунад. Дар ин муроҷиатнома, ки дар гурӯҳи фейсбукии "Ахбор барои афкор" нашр шудааст, дархост мешавад, […]

Раҷаб Мирзо, журналисти мустақил, фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ, маъмури гурӯҳи фейсбукии “Ахбор барои афкор” бо нашри як мyроҷиатнома аз раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси олии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ хост, ки ба қазияи рӯзноманигор ва блогнависи мустақил Далери Имомалӣ ва Абдулло Ғурбатӣ расидагӣ кунад.

Дар ин муроҷиатнома, ки дар гурӯҳи фейсбукии "Ахбор барои афкор" нашр шудааст, дархост мешавад, ки назорати қазияи мазкурро шахсан шаҳрдори Душанбе, Рустами Эмомалӣ ба зимма бигирад, то “шахсони манфиатдор”, ки обрӯи худро аз давлат ва ҳукумат бештар медонанд, махсусан дар ҳоли ҳозир, ки минтақаи мо зери бархӯрдҳои ноаён, аммо шадиди геополитикиву геостратегӣ қарор дорад, суистифода карда натавонанд.

“Тамоми ҳафтаи гузаштаро хабари мавриди шиканҷа қарор гирифтани Далери Эмомалӣ аз ҷониби яке аз кормандони ҳифзи ҳуқуқ дар прокуратураи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе пур кард, – омадааст дар муроҷиатнома. – Мардум аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ин амалкардро маҳкум намуда, дархост доштанд, ки ин мавзӯъ бояд мавриди муҳокимаи ҷиддӣ қарор бигирад”.

Ӯ афзудааст: "Қаблан созмонҳои журналистӣ ҳам аз мақомоти давлатӣ хостанд, ки ба ин қазия баҳои ҳуқуқӣ дода шавад. Мутаассифона ба ин муроҷиат то имрӯз вокунише сурат нагирифт."

Рӯзноманигор илова намудааст, ки "дирӯз хабари дигаре расид, ки аввал Далери Эмомалиро аз роҳ ба сӯи вилояти Суғд боздошт намуда, дертар Абдуллоҳи Ғурбатиро ҳам мақомот ба сӯҳбат даъват намудаанд. Бо гузашти чанд соат мақомот мавқеи расмии худро дар ин маврид нагуфтаанд, ки ин ду шахси ҷамъиятӣ бо чӣ иттиҳомоте муттаҳам мешаванд."

Муассиси гурӯҳи "Ахбор барои афкор" гуфтааст, ки хабарҳое то мо расид, ки Далери Эмомалиро барои насупоридани андоз ва фирор аз масъулият, Абдуллоҳи Ғурбатиро тахминан “барои муқобилият ба намояндаи сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ” гунаҳкор кардан мехоҳанд.

"Агар мавқеи мақомот ҳамин бошад, мо мутмаинем, ки ҳарду ҳолат  дур аз воқеият аст. Зеро, Далери Эмомалӣ ҷое фирор накардааст. Пас аз ин қазияҳо низ аз кӯчаҳои Душанбе ва навоҳии дигари Тоҷикистон видеогузориш мекард. Абдуллоҳ Ғурбатӣ низ ончунон тануманд нест, ки тавонад бо корманди милиса сар ба сар шавад. Ин бар иловаи оне, ки ахлоқи хуб дошта, аз ҳуқуқҳои худу дигарон хуб огоҳӣ дорад."- зикр шудааст дар муроҷиатнома.

Раҷаб Мирзо таъкид кардааст, ки натиҷа, чунин мавқеъгириҳои мақомот, ки мутмаинем аз бедалелии онҳо бармеояд, обрӯи давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон, хоса шаҳри Душанберо, ки Шумо барои имиҷи мусбати он талош доред, коҳиш хоҳад ёфт.

"Ин ҳам дар ҳоле, ки бархе аз гурӯҳҳои мухолифи дар хориҷ қарордошта фаъолиятҳои Далери Эмомалӣ, Абдуллоҳи Ғурбатӣ ва чанд журналисти мустақили дигарро “проекти Рустами Эмомалӣ” “ба хотири нишон додани демократия дар Тоҷикистон” арзёбӣ карда, ба фаъолияти онҳо нобоварона баҳо медоданд. Яъне онҳо мардуми дохилу хориҷи мамлакатро “бовар кунонидан” мехоҳанд, ки дар Тоҷикистон ҳеҷ гуна нишонаҳое аз демократия ва озодии сухан вуҷуд надорад. Мо ба ин назарем, ки ин ду нафар самимонаву содиқона ва беғаразона рисолати касбии худро иҷро мекарданд ва исбот менамуданд, ки дар дохили кишвар ҳоло ҳам василаҳои гуфтани воқеиятҳо вуҷуд дораду барои гуфтани “ҳақиқат” набояд ба гурӯҳҳои иртиҷоиву мухолиф рӯ овард."-омадааст дар муроҷиатномаи Раҷаб Мирзо.

Ӯ илова намудааст, ки дар сурати ниқорталабона муносибат кардани мақомоти Тоҷикистон ба ин ду нафар, танҳо онҳо ба нерӯҳои беруна далел хоҳанд доду бас.

"Мо гуфтан намехоҳем, ки ин ду нафар иштибоҳе дар фаъолият надоранд. Аммо вазифаи давлат ва ниҳодҳояш, ҳамон тавре медонед, танҳо аз муҷозот кардани шаҳрвандон иборат нест. Робитаи хуб, тавсияҳои барои ҷомеа муҳиму муфид ҳатман кори босифат натиҷа медиҳад. Далери Эмомалӣ ва Абдуллоҳи Ғурбатӣ низ аз шинохте, ки дорем, он нафароне нестанд, ки аз ҳамкорӣ саркашӣ намоянд."-навиштааст рӯзноманигор.

Дар охир ӯ ёдовар шудааст, ки хабари боздошти ин ду фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ норозигии зиёд ва ноумедиро ба бор овардааст, ки метавонад аз ин ҳолат ҳар нерӯи манфиатхоҳу ғаразкор суистифода намояд. Бовар дорем масъала то ин ҳад нахоҳад рафт…

Раҷаб Мирзо дар поёни муроҷиатномааш дархост кардааст, ки танҳо шахсу шахсиятҳои мушаххас, созмонҳои мудофеи инсон ва журналистӣ, ки бо ӯ ҳамназаранд, имзои худро бо аломати “+” ё нишон додани ному насабу самти кориашон гузоранд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.