Кумитаи идораи замин ба масъалаи сарҳади Тоҷикистон бо кишварҳои ҳамсоя рӯшанӣ андохт

Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезияи Тоҷикистон Ориф Хоҷазода зимни нишасти хабарии имрӯза дар бораи вазъияти сарҳадҳои Тоҷикистон бо кишварҳои ҳамсоя маълумот дод. Қирғизистон: корҳои муайян кардани марз идома доранд Бино ба маълумоти ӯ, дар нимсолаи аввали соли 2022 Тоҷикистон ва Қирғизистон доир ба масоили таъйин ва аломатгузорӣ дар марзи давлатӣ се вохӯрӣ гузарониданд. […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезияи Тоҷикистон Ориф Хоҷазода зимни нишасти хабарии имрӯза дар бораи вазъияти сарҳадҳои Тоҷикистон бо кишварҳои ҳамсоя маълумот дод.

Қирғизистон: корҳои муайян кардани марз идома доранд

Бино ба маълумоти ӯ, дар нимсолаи аввали соли 2022 Тоҷикистон ва Қирғизистон доир ба масоили таъйин ва аломатгузорӣ дар марзи давлатӣ се вохӯрӣ гузарониданд.

“То имрӯз 519,9 километри сарҳад бо Қирғизистон муайян карда шуд. Барои ҳалли ҳамаи мушкилоти марбут ба ин масъала минбаъд мунтазам корҳо бурда мешаванд”, – зикр кард ӯ.

Дар ҳамин ҳол, Хоҷазода, ки ҳамзамон комиссия типографиро сарварӣ мекунад, илова намуд, ки дар кори комиссия манфиатҳои ҳар ду ҷониб – ҳам Тоҷикистону ҳам Қирғизистон ба инобат гирифта хоҳанд шуд.

Масофаи умумии сарҳади байни Тоҷикистону Қирғизистон тақрибан 987,6 километрро ташкил медиҳад. Дар манбаъҳои гуногун ин масофа гуногун зикр мешавад – аз 970 то 987,6 километр. Ба гуфтаи Хоҷазода,  то пурра муайян шудани хати сарҳад, рақами дақиқро номбар кардан имкон надорад.

Дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон айни замон 5 постгоҳи назоратии автомобилӣ амал мекунанд: Гулистон (Исфара), Овчӣ-Қалъача (ноҳияи Бобоҷон Ғафуров), Маданият (ноҳияи Ҷаббор Расулов), Қарамик (Лахш) ва Қизил-Арт (Мурғоб).

Ӯзбекистон: қариб ҳамаи хати марз таъйин шуда, 12 киломтер боқӣ мондааст

Дар ин давра оид ба масъалаи таъйин ва аломатгузорӣ дар сарҳади байни Тоҷикистону Ӯзбекистон чор ҷаласаи ҳайатҳои ҳукумат ва ҳафт ҷаласаи гуруҳҳои кории сайёр гузаронида шуд.

Масофаи умумии сарҳади байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон 1332 километрро ташкил дода, ҳудуди 1320 километри он таъйину аломатгузорӣ ва танҳо 12 километр боқӣ мондааст.

Дар сарҳади байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 5 постгоҳи байнулмилалии автомобилӣ, 4 гузаргоҳи роҳи оҳан ва 8 постгоҳи назоратии дуҷониба амал мекунанд.

Чин: Дар масъалаи сарҳад ҳеҷ мушкилие нест

Масъалаи сарҳад байни кишварҳо пурра ҳаллу фасл шудааст. Масофаи умумии сарҳад байни давлатҳо 494,4 километрро ташкил медиҳад.

Дар марзи байни Тоҷикистону Чин як гузаргоҳи автомобилгард – Қулма дар ноҳияи Мурғоб фаъолият дорад.

Афғонистон: баъзан бозбинӣ тақозо мекунад

Масофаи умумии сарҳади байни Тоҷикистону Афғонистон 1374 километрро ташкил медиҳад, ки 1184 киломтераш сарҳади обӣ ва 189,8 километраш сарҳади заминӣ аст.

Ҳарчанд масъалаҳои таъйин ва аломатгузории сарҳад байни кишварҳо ҳал шуда бошад ҳам, лекин хати марзи обӣ баъзан бар асари тағйири маҷрои оби дарёи Панҷ бозбиниро тақозо мекунад.

Дар сарҳади байни Тоҷикистону Афғонистон 7 постгоҳи назорати автомобилӣ амал мекунанд. Пас аз сари ҳокимият омадани толибон дар кишвари ҳамсоя, ин гузаргоҳҳо бастаанд. Ҳамлу нақли молу маҳсулот танҳо тариқи пули Шерхон Бандар дар Панҷи Поён сурат мегирад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.