Додситонии Хатлон сабаби худкушии ду мансабдори Шаҳритусро шарҳ дод

Дар ҳар ду ҳолат сабаби худкушии мансабдорон нофаҳмии оилавӣ будааст. Дар ин бора Валӣ Ваҳҳобов, муовини Додситонии вилояти Хатлон зимни нишасти матбуотӣ,  хабар дод ва гуфт, дар ҳар ду ҳолат бинобар набудани таркиби ҷиноят аз оғози парвандаи ҷиноятӣ худдорӣ карданд. “Ин ҳодиса дар ноҳияи Шаҳритус набуд. Хушназар Нодиров, раиси ҷамоати деҳоти Ҷӯра Назаров дар ноҳияи Қубодиён […]

Сайраҳмон Назриев, Asia-Plus

Дар ҳар ду ҳолат сабаби худкушии мансабдорон нофаҳмии оилавӣ будааст. Дар ин бора Валӣ Ваҳҳобов, муовини Додситонии вилояти Хатлон зимни нишасти матбуотӣ,  хабар дод ва гуфт, дар ҳар ду ҳолат бинобар набудани таркиби ҷиноят аз оғози парвандаи ҷиноятӣ худдорӣ карданд.

“Ин ҳодиса дар ноҳияи Шаҳритус набуд. Хушназар Нодиров, раиси ҷамоати деҳоти Ҷӯра Назаров дар ноҳияи Қубодиён даст ба худкушӣ зад. Додситони вилоят ин ҳолатро мавриди санҷиш қарор дода, бинобар сабаби набудани таркиби ҷиноят аз оғози парвандаи ҷиноятӣ худдорӣ кард”, – иброз дошт Ваҳҳобов.

Ба гуфтаи ӯ, худкушии Фирӯз Ҳурматов, сармутахассиси Кумитаи идораи замини ноҳияи Шаҳритус низ мавриди санҷиш қарор дода шуд.

“Сабаби даст ба худкуши задани ӯ нофаҳмӣ дар оила буд. Аз ин хотир, оғози парвандаи ҷиноятӣ рад карда шуд, – гуфт ӯ.

Номбурда таъкид намуд, ки чунин ҳодисаҳо мавриди таваҷҷуҳи додситонии вилоят аст ва танҳо баъди санҷиши ҳаматарафа қарори дахлдор қабул карда мешавад.

Ёдовар мешавем, ки дар аввали соли равон ду мансабдори ноҳияи Шаҳритус – Хушқадам Нодиров, раиси ҷамоат ва Фирӯз Ҳурматов, сармутахассиси Кумитаи идораи замини ноҳия  даст ба худкушӣ зада буданд.

Он замон, Ҷабборӣ Ғаффор, раиси ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон низ гуфта буд, ки сабаби даст ба худкушӣ задани Нодиров мушкилоти хонаводагӣ аст.

Ҷасади Хушқадам Нодировро субҳи 11-уми феврали соли равон овехта пайдо карда буданд.

Мушкилоти хонаводагӣ унвон кардани худукушии раиси ҷамоати ноҳияи Шаҳритус дар ҳолест, ки бар асоси баъзе маълумоти таъйиднашуда, гуфта мешуд, Хушқадам Нодиров се рӯз қабл аз маргаш аз яке аз бонкҳо дар ноҳияи Шаҳритус 30 ҳазор сомонӣ қарз гирифта будааст.

Раиси ноҳия гуфта буд, ки чунин  овозаҳо ҳастанд, вале асос надоранд ва ӯ дар кораш мушкиле надошт.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.

Қоҳир Расулзода: иқлим ва норасоии об ба бахши кишоварзии Тоҷикистон таҳдид мекунанд

Сарвазири Тоҷикистон дар конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ суханронӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 85

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

ВКД Русия лоиҳаи санҷишии ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро барои солҳои 2027-2030 муаррифӣ кард

Мувофиқи низоми нав, ҷалби зиёда аз 1,7 млн нафар муҳоҷирони корӣ ба кишвар ба нақша гирифта шудааст.