Футболбози тоҷик Рустам Соиров ба дастаи “Левадия”-и Эстония гузашт

Ҳамлагари мунтахаби олимпии Тоҷикистон ва тими “Истиқлол” Рустам Соиров ҳунарнамоии худро минбаъд дар бошгоҳи футболи “Левадия”-и шаҳри Таллини Эстония давом медиҳад. Дар ин бора сомонаи расмии даста хабар медиҳад. Раҳбарияти даста хабар додааст, ки бо ҳамлагари ҷавони тоҷик ба муҳлати се сол қарордод бастааст. Соирови 19-сола қаблан дар Лигаи олии футболи Тоҷикистон дар ҳайати тими […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Ҳамлагари мунтахаби олимпии Тоҷикистон ва тими “Истиқлол” Рустам Соиров ҳунарнамоии худро минбаъд дар бошгоҳи футболи “Левадия”-и шаҳри Таллини Эстония давом медиҳад. Дар ин бора сомонаи расмии даста хабар медиҳад.

Раҳбарияти даста хабар додааст, ки бо ҳамлагари ҷавони тоҷик ба муҳлати се сол қарордод бастааст.

Соирови 19-сола қаблан дар Лигаи олии футболи Тоҷикистон дар ҳайати тими “Истиқлол” 60 бозӣ гузаронида, 28 тӯб вориди дарвоза кардааст. Ҳамчунин дар тими мунтахаби Тоҷикистон дар 7 бозӣ иштирок кардааст.

Гуфта мешавад, бо дастрас гардидани раводид (виза)-и корӣ Соиров ба машқҳо бо ҳайати тими “Левадия” оғоз мекунад.

Дар Эстония таҳияи раводиди шаҳрванди хориҷӣ ба ҳисоби миёна аз 12 то 14 рӯзро дар бар мегирад.

Дар бораи бо кадом шарту шароит ба ин даста гузаштани футболбоз маълумот дода намешавад. Барои бозӣ дар ҳайати даста Соиров бо футболбози бразилиягӣ, беҳтарин нишонзани даста Лилиу ва ҳамлагари мунтахаби Эстония Роберт Кирсс рақобат хоҳад кард.

Қобили зикр аст, ки қаблан футболбозони тоҷик Хуршед-Темур Ҷӯраев ва Табрези Давлатмир дар тимҳои Эстония бозӣ кардаанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.