Оғози машқҳои низомии Тоҷикистону Ӯзбекистон дар Тирмиз

Дар машқгоҳи Тирмизи Ӯзбекистон таҳти унвони “Иттиҳод-2022” тамринҳои низомии муштараки Тоҷикистону Ӯзбекистон оғоз гардиданд. Дар ин бора Вазорати мудофиаи Ӯзбекистон хабар медиҳад. Лекин дар хабар доир ба муҳлатҳои анҷоми машқҳо, шумори хизматчиёни ҳарбӣ ва техникаи зиреҳпӯши дар он иштирокдошта, кадом амалиётро ба анҷом расонидан дар тамринҳо маълумот дода намешавад. Қаблан низ дар бораи баргузории ин […]

Asia-Plus

Дар машқгоҳи Тирмизи Ӯзбекистон таҳти унвони “Иттиҳод-2022” тамринҳои низомии муштараки Тоҷикистону Ӯзбекистон оғоз гардиданд. Дар ин бора Вазорати мудофиаи Ӯзбекистон хабар медиҳад.

Лекин дар хабар доир ба муҳлатҳои анҷоми машқҳо, шумори хизматчиёни ҳарбӣ ва техникаи зиреҳпӯши дар он иштирокдошта, кадом амалиётро ба анҷом расонидан дар тамринҳо маълумот дода намешавад.

Қаблан низ дар бораи баргузории ин тамринҳо иттилоъ надода буданд, аз ин рӯ, маълум нест, ки оё ин машқҳо тибқи нақша гузаронида мешаванд ё не.

Дар ҳамин ҳол, дар хабари Вазорати мудофиаи кишвари ҳамсоя гуфта мешавад, машқҳо аз маросими тантанавии ифтитоҳ оғоз гардида, фармондеҳи Ҳавзаи махсуси ҳарбии Ҷанубу Ғарбӣ генерал-майор Зайнобиддин Иминов ва муовини сардори Ситоди кулли Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикитсон генерал-майор Шароф Эгамзод изҳори итминон карданд, ки баргузории машқҳои муштарак риштаҳои дӯстӣ байни кишварҳоро боз ҳам мустаҳкамтар мекунад.

Пас аз суханронии шодбошӣ гузашти низомии хизматчиёни ҳарбии ҳар ду кишвар доир гардид.

Сипас дар нуқтаҳои таълимӣ ва мавзеи монеаҳои машқгоҳи Тирмиз низомиёни Ӯзбекистон машғулиятҳо гузаронида,  тарзу усулҳои муҳорибаи наздик, ба мавзеи бехавф бурдани маҷрӯҳон ва рафъи ҳамлаи душмани эҳтимолиро намоиш доданд. Хизматчиёни ҳарбии Тоҷикистон низ имкон доштанд, ки дар ин намоишҳо иштирок кунанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Амалиёт тавассути ҳамёнҳои электронӣ андозбандӣ мешавад?

Ин иқдом барои ошкор кардани соҳибкорони бидуни сабтином роҳандозӣ мешавад.

Дар ҳамоиши чоруми об дар Душанбе беш аз 110 ҳайати расмӣ ширкат мекунанд

Дар робита ба омодагиҳо ба Ҳамоиши чоруми байналмилалии “Об барои рушди устувор” дар ВКХ нишаст баргузор шуд.

Дар Қирғизистон Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон баргузор мешавад

Дар доираи он Рӯзҳои синамои Тоҷикистон низ доир мешавад.

Шумори шабакаи меҳмонхонаҳо дар Тоҷикистон аз дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ камтар будааст

Ҷумҳурӣ ҳоло ҳам бо теъдоди ками меҳмонхонаҳои босифат бозори маҳдуд боқӣ мемонад.

Абдунабӣ Сатторзода: “Азия-Плюс” имиҷи мусбати Тоҷикистон ва василаи сохтани миллати комил аст!

Ин дипломат гуфт, ки расонаи мо барои ҳукумат чӣ аҳамият дорад ва чаро бояд боҷуръат бошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 87

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 майи соли 2026

Аз таъсиси телевизиони "Кӯлоб" ва ифтитоҳи консулгарии Афғонистон дар Хоруғ то даргузашти Лолахон Сатторӣ