КДАМ-и Тоҷикистон хабари ҳузури “ҷангиёни ришдори сиёҳпӯш” дар муноқишаи марзиро рад кард

Нерӯҳои марзбонии КДАМ Тоҷикистон, бо нашри изҳороти навбатӣ хабарҳои нашршуда дар бораи ҳузури ҷангиёни ришдори сиёҳпӯш дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистонро рад кард ва гуфт, он аз ҳақиқат дур буда, иғвои навбатӣ аз сӯйи расонаҳои қирғиз аст. Дар изҳороти сеюми Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон, ки имрӯз дар хабаргузории АМИТ “Ховар” нашр шуд, гуфта мешавад, ки кӯшишҳои ҷониби […]

Нерӯҳои марзбонии КДАМ Тоҷикистон, бо нашри изҳороти навбатӣ хабарҳои нашршуда дар бораи ҳузури ҷангиёни ришдори сиёҳпӯш дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистонро рад кард ва гуфт, он аз ҳақиқат дур буда, иғвои навбатӣ аз сӯйи расонаҳои қирғиз аст.

Дар изҳороти сеюми Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон, ки имрӯз дар хабаргузории АМИТ “Ховар” нашр шуд, гуфта мешавад, ки кӯшишҳои ҷониби Тоҷикистон ҷиҳати ба эътидол овардани вазъият дар сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон то соати 11:10-и имрӯз, 16-уми сентябр, натиҷа надодааст.

“Зеро тарафи Қирғизистон муноқишаҳои мусаллаҳонаро идома дода, аз роҳи ҳалли қазия тариқи гуфтушунид сарпечӣ мекунад. Ду маротиба ба оташбаси якҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, низомиёни қирғиз бо оташкушоии пуршиддат аз тамоми намудҳои силоҳ ҷониби нуқтаҳои аҳолинишин посух доданд», — омадааст дар иттилоия.

Ин ниҳод гуфтааст, ки ба замми ин, ҷониби Қирғизистон тавассути шабакаҳои интернетӣ, дар идомаи муноқиша Тоҷикистонро гунаҳкор карданӣ мешавад, ки асоси воқеӣ надорад.

“Онҳо бо роҳи иғво дар расонаҳои қирғизӣ хабари истифода шудани ҷангиёни ришдорро бо либоси сиёҳпӯши бенишон паҳн кардаанд, ки аз ҳақиқат дур аст. Маҳз аз тарафи низомиёни қирғиз воҳидҳои таъйиноти махсус истифода шуда истодаанд, ки далели собитгардида мебошад”, – гуфтааст ин ниҳод.

Нерӯҳои марзбонӣ мегӯяд, маълумоти иғвоангезе, ки аз ҷониби Қирғизистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн гардида истодаанд, мақсаднок ба мураккабтар намудани вазъият дар хати сарҳади давлатии ду кишвар нигаронида шудаанд.

Манбаъ гуфтааст, ки Тоҷикистон ҷонибдори тариқи гуфтушунид ва бо роҳҳои дипломатӣ ҳал намудани муноқишаи сарҳадӣ буд ва дар ҳамин мавқеъ устувор боқӣ мемонад

Чанде пештар, Неруҳои марзбонии Тоҷикистон гуфта буд, ки Қирғизистон ду маротиба пешниҳоди гуфтушуниди сулҳро қабул накард ва сарбозони қирғиз аз тамоми намуди силоҳҳои вазнину оташфишони дар ихтиёрашон қарордошта деҳаҳои наздисарҳадии Тоҷикистон, иншооти мулкӣ ва хонаҳои истиқоматиро таҳти гулулаандозӣ ва тирпарронӣ қарор додаанд

Ёдовар мешавем, ки субҳи имрӯз, 16-уми сентябр, якбора дар чанд минтақаи сарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон даргирии нав рух дод, ки дар натиҷа як марзбони тоҷик кушта ва чанде захмӣ шуданд.

Мақомоти Қирғизистон аз захмӣ шудани 18 нафар хабар медиҳанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.