Адвокати Пирмуҳаммадзода: “Абдусаттор шиканҷаро рад ва худро гунаҳкор эътироф кард”

Муҳаббатшоҳ Баллаев, адвокат ё вакили дифои Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, рӯзноманигори боздоштшудаи тоҷик имрӯз, 13-уми октябр, пас аз шиносоӣ бо парванда ва мулоқот бо зерҳимояаш дар Боздоштгоҳи муваққатӣ ба рӯзноманигорон гуфт: “Имрӯз бо парванда шинос шудем. Абдусаттор хабарҳо дар бораи фишору шиканҷа шуданашро рад кард. Ӯ дар асоси моддаи 307 қисми 1 худро пурра гунаҳкор эътироф кард […]

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Муҳаббатшоҳ Баллаев, адвокат ё вакили дифои Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, рӯзноманигори боздоштшудаи тоҷик имрӯз, 13-уми октябр, пас аз шиносоӣ бо парванда ва мулоқот бо зерҳимояаш дар Боздоштгоҳи муваққатӣ ба рӯзноманигорон гуфт: “Имрӯз бо парванда шинос шудем. Абдусаттор хабарҳо дар бораи фишору шиканҷа шуданашро рад кард. Ӯ дар асоси моддаи 307 қисми 1 худро пурра гунаҳкор эътироф кард ва гуфт, ки ин эътироф дар пайи шиканҷа нест”.

Ҳамчунин, адвокати Пирмуҳаммадзода таъкид намудааст, ки имрӯз парванда баррасӣ нашуда, танҳо шиносоӣ бо парванда будааст.

Ҳамин тавр, мурофиаи Абдусаттор Пирмуҳаммадзода ба рӯзи дигар гузошта шудаву санаи дақиқи баргузории он маълум нест.

Қаблан наздикони Абдусаттор Пирмуҳаммадзода дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтаанд, ки ӯ зери фишори муфаттишон ба гуноҳ иқрор карда, аммо дар асл худро бегуноҳ мешуморад.

Ёдовар мешавем, ки Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, яке аз чаҳор рӯзноманигори боздоштшудаи тоҷик, замоне шинохта гардид, ки дар Рӯзи Президент наворе сабт карда, аз мушкилоти рӯзмарраи худ шикоят намуд. Дар он навор ӯ гуфт, ки чанд сол дар радиои давлатӣ ба ҳайси журналист кор кардаву бо сабабҳои гуногун тарки пеша кардааст ва акнун ҳамчун ронандаи таксӣ кор мекунад. Абдусаттор шикоят дошт, ки кормандони БДА барои озод фаъолият карданаш монеъ мешаванд.

Баъдан ӯ бо пахши наворҳои дигар аз мушкилоти дигари ҷомеа нақл мекард ва миёни мардум шӯҳрат пайдо намуд.

Чанде баъд аз ин бо пок кардани тамоми наворҳои хеш аз саҳифаҳои иҷтимоияш, Пирмуҳаммадзода эълон намуд, ки кори блогериро қатъ мекунад.

Ӯ дар як мусоҳибаи худ ба расонае гуфт, ки барои фаъолиятҳояш бархе “бузи ҳукумат” гуфтаанд, бархе “хоини миллат” ва бо ҳамин канор рафтани худро аз фазои иҷтимоӣ эълон намуд.

Аммо дертар дубора ба фаъолияти блогерӣ баргашт ва пас аз боздошти Далеру Абдуллоҳ аз камтарин рӯзноманигороне буд, ки ба ҳимояи ин журналистон боҷуръатона садо баланд кард.

Пас аз чанде аввал барои чанд соат боздошт ва бо эълони “охирин огоҳӣ” озод гардид. Вале бо гузашти чанд рӯз Абдусаттор дубора боздошт ва алайҳи ӯ бо моддаи 307 иловаи 1 (Даъвати оммавӣ барои амалӣ намудани фаъолияти экстремистӣ (ифротгароӣ) ва сафедкунии оммавии экстремизм) айб эълон карда шуд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.