Оғози мавсими гармидиҳӣ дар Душанбе

Шурӯъ аз пагоҳ, 14-уми октябр, дар Душанбе пайвастшавии хонаву иншоот ба маркази гармидиҳӣ оғоз мегардад ва мувофиқи ҷадвал давра ба давра ҳамаи аҳолии шаҳри Душанбе бо гармӣ таъмин мешаванд. Қиёмиддин Сайфуллоев, сармуҳандиси Маркази барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе бо тасдиқи ин хабар ба АМИТ “Ховар” гуфтааст, ки пайвастшавӣ ба маркази гармидиҳӣ пагоҳ аз ноҳияи Исмоили Сомонӣ […]

Шурӯъ аз пагоҳ, 14-уми октябр, дар Душанбе пайвастшавии хонаву иншоот ба маркази гармидиҳӣ оғоз мегардад ва мувофиқи ҷадвал давра ба давра ҳамаи аҳолии шаҳри Душанбе бо гармӣ таъмин мешаванд.

Қиёмиддин Сайфуллоев, сармуҳандиси Маркази барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе бо тасдиқи ин хабар ба АМИТ “Ховар” гуфтааст, ки пайвастшавӣ ба маркази гармидиҳӣ пагоҳ аз ноҳияи Исмоили Сомонӣ оғоз гардида, барои пурра таъмин намудани 4 ноҳияи шаҳри Душанбе бо оби гарм як ҳафта зарур аст.

“Шоҳқубурҳои марказҳои барқу гармдиҳии шаҳри Душанбе аллакай бо об пур карда шудааст. “Марказҳои барқу гармидиҳии № 1 ва 2-и шаҳри Душанбе, дегхонаҳои ғарбию шарқӣ ҳоло пурра омодаи кор мебошанд. Тамоми корҳои таъмирӣ дар таҷҳизоти асосии ёрирасон аллакай ба анҷом расонида шудаанд”,- гуфтааст Сайфуллоев.

Оғози пайвастшавӣ ба маркази гармидиҳӣ дар Душанбе дар ҳолест, ки қаблан Оҷонсии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар дода буд, ки нимаи дуюми моҳи октябр пастшавии ҳарорат ва боридани боронҳои бошиддат дар назар аст.

Дар ҳамин ҳол, Қиёмиддин Сайфуллоев гуфтааст, «пеш аз он ки мо шоҳқубурҳоро бо об пур намоем, аввал ҳар як Муассисаи давлатии шабакаҳои барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе ва масъулини ҳар ноҳияро хабардор мекунем, ки шаҳрвандонро огоҳ намоянд, то агар нуқтае таъмирталаб бошад, омодагӣ дида, онро дуруст намоянд.

Айни ҳол маълум нест, ки чӣ қадар бинову иншоот ва хонаҳои истиқоматӣ бо маркази гармидиҳӣ пайваст мешаванд. “Азия- Плюс” барои дақиқ намудани он ба ниҳоди масъул мактуб исрол карда, интизори посух аст.

Зимнан, моҳи январи соли 2022 дар ҷаласаи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоӣ-иқтисодии пойтахт раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дастур дод, ки зимистони имсол 220 иншооти нав ба низоми гармидиҳии пойтахт пайваст карда шавад.

Дар ҳамин ҳол, соли гузашта аз МД “Шабакаҳои гармидиҳии Душанбе” ба “Азия-Плюс”  хабар дода буданд, ки дар мавсими гармидиҳии солҳои 2021-2022 дар пойтахти Тоҷикистон бо гармӣ таъмин намудани 2 ҳазору 762 бинову иншоот ба нақша гирифта шудааст, ки нисбат ба соли 2020-ум 251 иншоот зиёдтар аст.

Ин иншоот аз 2 211 бинои истиқоматӣ, 64 муассисаи тиббӣ, 172 мактаб ва кӯдакистон, 315 корхонаву ташкилот иборат аст.

Ҳамагӣ дар ноҳияи Сино ба 1297 иншоот, Шоҳмансур – 512, Исмоили Сомонӣ – 510 ва Фирдавсӣ  – ба 443 иншоот гармӣ интиқол дода мешавад.

Ҳамин тариқ, тарофаи гармидиҳии соли гузашта иваз нашуда, барои аҳолӣ 1,18 сомонӣ барои 1 метри мураббаъ бо шумули ААИ, ташкилотҳои буҷетӣ – 98,67 сомонӣ барои 1 Гккали гармӣ (бе назардошти ААИ), барои ҳамаи дигар истеъмолгарон – 113,47 сомонӣ барои 1 Гккали гармӣ (бе назардошти ААИ) муқаррар шудааст.

Мувофиқи меъёрҳои қонунгузории ҶТ, муассисаи “Шабакаҳои гармидиҳии шаҳри Душанбе” ба ҳамаи корҳо дар ин самт то нуқтаи тақсимоти гармӣ (элеватор) ба манзилҳо масъул буда, ба ҳолати коммуникатсияҳои муҳандисӣ дар дохили бино, баргузории корҳои таъмир, ивази шабакаҳои гармидиҳӣ дар дохили биноҳо худи сокинони биноҳо масъуланд.

Тибқи қонун дар бораи нигоҳдории хонаҳои баландошёнаи истиқоматӣ, ки 10 июни соли 2009 тасдиқ шудааст, моликони манзил ӯҳдадоранд, ки ҳамаи шабакаҳои дохили биноро дар ҳолати коршоям нигоҳ дошта, мукаммалии онро вайрон накунанд ва ба интиқоли гармӣ тариқи шабакаи ягонаи хона монеъа эҷод насозанд.

Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон интиқоли нерӯи гармӣ танҳо дар шаҳри Душанбе амалӣ гардида, дар ҳамин ҳол, танҳо як қисмати шаҳр бо гармӣ таъмин мешавад.

Мавсими гармидиҳӣ дар Тоҷикистон ҳамасола аз нимаи моҳи ноябр шурӯъ шуда, то нимаи моҳи марти соли оянда давом мекунад. Нерӯи гармӣ дар ду корхона – Маркази барқу гармидиҳи Душанбе” ва “МБГ Душанбе-2” истеҳсол карда мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.