“Вазъият ҳаминро тақозо менамояд”. Шарҳи “Барқи тоҷик” дар бораи “лимит”-и барқ

Ширкати “Барқи тоҷик” бо гузашти беш аз ду ҳафтаи шикояти сокинон аз “лимит”-и барқ дар навоҳии кишвар бо пахши як изҳорот маҳдудияти нерӯи барқро дар кишвар тасдиқ кард ва гуфт “вазъият ҳаминро тақозо менамояд”. Ин ниҳод, рӯзи 12 –уми октябр дар эъломияе гуфт, ҳоло обанбори НБО «Норак» то нуқтаи ниҳоӣ аз об пур карда шудааст […]

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Ширкати “Барқи тоҷик” бо гузашти беш аз ду ҳафтаи шикояти сокинон аз “лимит”-и барқ дар навоҳии кишвар бо пахши як изҳорот маҳдудияти нерӯи барқро дар кишвар тасдиқ кард ва гуфт “вазъият ҳаминро тақозо менамояд”.

Ин ниҳод, рӯзи 12 –уми октябр дар эъломияе гуфт, ҳоло обанбори НБО «Норак» то нуқтаи ниҳоӣ аз об пур карда шудааст ва бо дарназардошти пешгӯӣ шудани норасоии мавсимии нерӯи барқ, эҳтимоли то баҳор басанда набудани захираҳои об дар низоми энергетикии кишвар ба миён омадааст.

 “Маҷрои дарёи Вахш дар тобистон ба ҳисоби миёна аз 2000 то 2200 метри мукааб дар як сонияро ташкил дода, ин нишондиҳанда дар фасли зимистон ба 150 – 200 метри мукааб баробар мешавад. Бинобар ин, барои истеҳсоли барқ дар мавсими зимистон асосан оби дар обанбор захирашуда истифода мегардад”, – далел пеш овардааст “Барқи тоҷик”.

Ин ниҳод гуфтааст, онҳо “дар рӯзҳои нисбатан гарми фасли тирамоҳ дар як қатор зеристгоҳҳо ва хатҳои интиқоли барқ корҳои таъмирӣ гузаронида мешаванд”.

“Амалисозии ин тадбирҳо имкон медиҳад, ки шабакаҳои барқӣ ба давраи тирамоҳу зимистон дар сатҳи хуб омода мешаванд ва оби сарфагардида дар мавсими сармо барои таъмини шабонарӯзии аҳолӣ бо нерӯи барқ истифода мегардад”, – гуфтаанд онҳо.

Ин ниҳод гуфтааст, онҳоҳеҷ гоҳ хоҳишманди маҳдуд кардани интиқоли барқ ва бебарқ мондани мардум нестанд, вале имрӯз вазъият ҳаминро тақозо менамояд”.

Ширкат аз сокинони кишвар даъват кардааст, ки дар давраи омодагӣ ба зимистонгузаронӣ нерӯи барқро сарфакорона истифода баранд.

Ёдовар мешавем, ки беш аз ду ҳафта аст, аксар сокинони ноҳияҳои Тоҷикистон аз интиқоли барқ рӯзона аз соати 8:00 то 17:00 шикоят мекунанд.

Масъулини ширкати “Барқи тоҷик”, вуҷуди лимити барқро дар кишвар рад мекарданд ва мегуфтанд, дар ноҳияҳое, ки барқ барои чанд соат қатъ мешавад, он барои корҳои таъмирӣ дар системаи барқрасонӣ сурат мегирад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.