SIGAR: Фасод ва худкомагии Ашраф Ғанӣ сабаби суқути низом шуд

Сарбозраси вижаи Амрико барои бозсозии Афғонистон (SIGAR) дар гузориши тозаи худ гуфтааст, ки маҳз фасод ва худкомагии Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳури пешини Афғонистон сабаби суқути низом дар ин кишвар шуд. Хабаргузаории “aamajnews” бо такя ба манбаъи худ дар SIGAR дирӯз, 17-уми ноябр, навиштааст, ки фасод ва худкомагии Ашраф Ғанӣ ва ҳукуматдориаш бо як ҳалқаи баста аз […]

Алимшоҳ Меҳрзода, Asia-Plus

Сарбозраси вижаи Амрико барои бозсозии Афғонистон (SIGAR) дар гузориши тозаи худ гуфтааст, ки маҳз фасод ва худкомагии Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳури пешини Афғонистон сабаби суқути низом дар ин кишвар шуд.

Хабаргузаории “aamajnews” бо такя ба манбаъи худ дар SIGAR дирӯз, 17-уми ноябр, навиштааст, ки фасод ва худкомагии Ашраф Ғанӣ ва ҳукуматдориаш бо як ҳалқаи баста аз чеҳраҳои вафодор ба ӯ, боиси суқути Кобул шудааст.

SIGAR набудани боварии шахсиятҳои сиёсии Афғонистонро барои хурӯҷи Амрико аз авомили дигари фурӯпошии ин низоми гуфтааст

Сарбозраси вижаи Амрико барои  Афғонистон бо ишора ба ҳузури бист солаи нерӯҳои хориҷӣ дар ин кишвар афзудааст, ки ҳукумати Ашраф Ғанӣ намепазируфт, ки Амрико аз Афғонистон хориҷ шавад.

Бар асоси таҳқиқии SIGAR, музокироти мустақими Амрико бо Толибон*, давлати Афғонистонро ба ҳошия ронд ва мавқеъи ҳукумат Афғонистонро дар музокирот сулҳ заъиф ва ҷойгоҳи Толибонро тақвият кард.

Тибқи ин гузориш имзои тавофуқномаи Давҳа миёни Толибон ва Амрико, Толибонро «ҷасуртар» кард ва онон ба таври физояндае ба шикаст додани давлати Афғонистон дар майдони ҷанг мутамаркиз шуданд.

Ин гузориш дар ҳолест, ки пас аз тасаллути дубораи Толибон ба Афғонистон омилҳои бисёре аз сӯи мақомҳои амрикоӣ ва ҳукумати пешини Афғонистон дар пайванд ба суқути низом матраҳ шудааст.

Изҳороти навбатии SIGAR дар ҳолест, ки ин ниҳод моҳи июни соли раовн дар як гузориши таҳқиқӣ эълон карда буд, ки раисҷумҳури собиқи Афғонистон Ашраф Ғанӣ ҳангоми фирор аз Кобул маблағи камтар аз як миллион долрро бо худ бурдааст. Аммо пештар манбаъҳои гуногун эълон карданд, ки ӯ наздик ба ба 170 миллион долларро бо худ бурдааст. 

Ашраф Ғанӣ пештар ҳам дар чанд мусоҳиба ва паёмҳои видеоӣ иттиҳоми бурдани пулро рад карда буд. Ғанӣ, ки ба Имороти Муттаҳидаи Арабӣ фирор карда буд, он замон гуфта буд, ки «ман фақат бо як воскат ва чанд даст либос рафтам, ин иттиҳомот дурӯғҳои беасос аст».

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо –  "Афғонистон" бихонед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал бо дар бораи фаҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.