Қосим-Жомарт Тоқаев президенти Қазоқистон интихоб шуд. Эмомалӣ Раҳмон ӯро табрик кард

Имрӯз, 21-уми ноябр, Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон бо Қосим-Жомарт Тоқаев, Президенти Қазоқистон суҳбати телефонӣ анҷом дод, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Президенти ҶТ. Гуфта мешавад дар рафти суҳбат натиҷаҳои пешакии интихоботи президентӣ дар Қазоқистон мавриди баррасӣ қарор гирифт. Эмомалӣ Раҳмон Қосим-Жомарт Тоқаевро ба муносибати аз нав интихоб шуданаш ба мансаби Президенти Қазоқистон табрик гуфта, ба ӯ […]

Имрӯз, 21-уми ноябр, Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон бо Қосим-Жомарт Тоқаев, Президенти Қазоқистон суҳбати телефонӣ анҷом дод, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Президенти ҶТ.

Гуфта мешавад дар рафти суҳбат натиҷаҳои пешакии интихоботи президентӣ дар Қазоқистон мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Эмомалӣ Раҳмон Қосим-Жомарт Тоқаевро ба муносибати аз нав интихоб шуданаш ба мансаби Президенти Қазоқистон табрик гуфта, ба ӯ дар фаъолияти давлатиаш комёбиҳои беназир ба нафъи рушди устувор ва шукуфоии Қазоқистон орзу намуд.

 “Алоқамандии тарафайн ба идомаи амалҳои муштарак ҷиҳати таҳкими минбаъдаи тамоми маҷмӯи муносиботи Тоҷикистон ва Қазоқистон мутобиқ ба манфиатҳои аслии ду мардуми ба ҳам бародар таъкид гардид. Мувофиқа ба даст омад, ки ҷонибҳо якҷоя ҷиҳати омодагирӣ ба таҷлили 30-солагии истиқрори робитаҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Қазоқистон, ки ба аввали моҳи январи соли оянда рост меояд, чораҷӯӣ менамоянд”,-фазудааст манбаъ.

Ҷонибҳо дар рафти суҳбат ҳолат ва дурнамои муносибатҳои дӯстӣ ва шарикии стратегии Тоҷикистону Қазоқистонро баррасӣ намуда, ҷараёни баланди рушду таъмиқи ҳамкории гуногунҷанбаи ду давлатро таъкид карданд.

Дар поёни суҳбат Президенти Қазоқистон аз Эмомалӣ Раҳмон барои анҷом додани сафари ҷавобии расмӣ ба Қазоқистон дар вақти муносиб даъват кардааст.

Эмомалӣ Раҳмон дар навбати худ Қосим-Жомарт Тоқаевро барои боздид аз Тоҷикистон даъват намудааст.

Ёдовар мешавем, ки дирӯз, 20-уми ноябр, дар Қазоқистон интихоботи президентӣ баргузор гардид. Барои мақоми раҳбари давлат шаш номзад мубориза бурданд, ки ба андешаи коршиносон аксари онҳо чеҳраҳои ношинос буданд.

Тибқи натиҷаи пешакӣ президенти феълии кишвар Қосим-Ҷомарт Тоқаеви 69-сола дар интихоботи президентии Қазоқистон бо касби аксари кулли оро пирӯз шуд.

Қосим-Ҷомарт Тоқаев соли 2019 президенти Қазоқистон шуд ва дар ин мансаб Нурсултон Назарбоев, ки 28 сол раҳбарии кишварро бар ӯҳда дошт, иваз намуд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.