Эмомалӣ Раҳмон ва Сергей Наришкин масъалаҳои вобаста ба таъмини амниятро баррасӣ карданд

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 22 ноябр директори Хадамоти разведкаи берунии Федератсияи Русия Сергей Наришкинро, ки бо сафари корӣ ба Тоҷикистон ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфт. Тавре ки хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ медиҳад, дар рафти мулоқот дар доираи шарикии стратегии ду давлат маҷмӯи масъалаҳои  вобаста ба таъмини амният баррасӣ гардид. Гуфта мешавад, дар ин […]

Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 22 ноябр директори Хадамоти разведкаи берунии Федератсияи Русия Сергей Наришкинро, ки бо сафари корӣ ба Тоҷикистон ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфт.

Тавре ки хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ медиҳад, дар рафти мулоқот дар доираи шарикии стратегии ду давлат маҷмӯи масъалаҳои  вобаста ба таъмини амният баррасӣ гардид.

Гуфта мешавад, дар ин зимн ҷонибҳо ба  ҳамкории кишварҳо дар ҷодаи хадамоти махсус, ки  тӯли таърихи 30-солаи робитаҳои дипломатии Тоҷикистону Русия ба таври мунтазам рушд ёфтаанд, таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд.

Ба ин манзур муҳиммияти таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ дар самти мубориза алайҳи терроризм, экстремизм ва ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, бахусус қочоқи маводи мухаддир ва силоҳ, киберҷиноятҳо ва дигар намудҳои таҳдидҳо ба амнияти миллӣ таъкид гардид. 

Ҷонибҳо масъалаҳои ҳамоҳангиҳои минбаъдаи амалҳоро дар самти муқовимат ба хатарҳои мавҷуда, ки аз ҷумла бо тамоюлҳои паҳншавии  идеологияи тундгароии динӣ  алоқамандӣ доранд, муҳокима намуданд.

Қазияи Афғонистон низ дар маркази диққат қарор дошт.

Дар рафти суҳбат атрофи дигар масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.