«Аз ягон нафар шикоят надорам». Милитсияи пойтахт худкушии духтари 20-соларо дар Душанбе шарҳ дод

Милистияи Душанбе аз худкушии як духтари 20-сола хабар медиҳад. Ин ниҳод мегӯяд, ҳодиса тақрибан соати 9:10 дақиқаи дирӯз, 28-уми ноябр рух дода, духтар худро аз тирезаи бинои 10-ошёнаи кӯчаи Садриддин Айнӣ ба замин партофтааст. Ба иттилои РВКД дар шаҳри Душанбе ин духтар зодаи ноҳияи Нуробод буда, муваққатан дар ноҳияи Рӯдакӣ истиқомат мекард. “Зимни азназаргузаронӣ аз […]

Милистияи Душанбе аз худкушии як духтари 20-сола хабар медиҳад. Ин ниҳод мегӯяд, ҳодиса тақрибан соати 9:10 дақиқаи дирӯз, 28-уми ноябр рух дода, духтар худро аз тирезаи бинои 10-ошёнаи кӯчаи Садриддин Айнӣ ба замин партофтааст.

Ба иттилои РВКД дар шаҳри Душанбе ин духтар зодаи ноҳияи Нуробод буда, муваққатан дар ноҳияи Рӯдакӣ истиқомат мекард.

“Зимни азназаргузаронӣ аз ҷайби марҳум навиштаҷоте бо мазуни «аз ягон нафар шикоят надорам» дарёфт гардидааст”, – менависад РВКД дар шаҳри Душанбе.

Ин ниҳод гуфтааст, хешовандони марҳум низ муайян карда шуда, санҷиш аз ҷониби Прокуратураи ноҳияи Шоҳмансур ҷараён дорад.

Сабаби аслии даст ба худкушӣ задани ин духтари 20-сола то ҳол маълум нест ва аниқ нест, ки чӣ гуна ӯ ба Душанбе омада, ба бинои 10-ошёна баромад ва чаро худро аз тиреза ба поён партофт.

Ёдовар мешавем, ки дирӯз, 28-уми ноябр дар шабакаҳои иҷтимоӣ аксу навори даст ба худкушӣ задани як духтари ҷавон нашр шуд, ки боиси ҳадсу гумонҳои гуногун гардид.

Ёдовар мешавем, ки дар шаш моҳи соли ҷорӣ, 108 ҳолати худкушӣ ва сӯиқасд ба ҷони худ аз ҷониби занон ва духтарони ноболиғ ба қайд гирифта шудааст. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 адад кам аст.

Дар ҳамин ҳол, коршиносон мегӯянд, сабаби аслии даст ба худкушӣ задани занону духтарон низоъҳои оилавӣ ва хушунати хонаводагӣ мебошад.

Мақомот ин иддаоро рад карда, худкушии занону духтаронро бештар ба бемории рӯҳӣ рабт медиҳанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.