Мунтахаби Ҷопон тими Олмонро бо “даҳони баста”-ву “парчами ранга” аз Қатар ронд

Дастаи Олмон, яке аз даъвогарони асосии ғолибият дар Ҷоми ҷаҳонии футбол-2022 дар Қатар чунон зиёд ба масоили берун аз футбол, ба мисли “даҳонбандӣ”-ву бо худ доштани парчами рангаи ҳамҷинсгароён машғул гардид, ки чӣ тавр аз Ҷопон шикаст хӯурдану дар ниҳоят аз гурӯҳ баромада натавонистани худро нафаҳмид. Белгия бошад, бо ин ҳама ситораҳои футболи худ, натавонист […]

Дастаи Олмон, яке аз даъвогарони асосии ғолибият дар Ҷоми ҷаҳонии футбол-2022 дар Қатар чунон зиёд ба масоили берун аз футбол, ба мисли “даҳонбандӣ”-ву бо худ доштани парчами рангаи ҳамҷинсгароён машғул гардид, ки чӣ тавр аз Ҷопон шикаст хӯурдану дар ниҳоят аз гурӯҳ баромада натавонистани худро нафаҳмид.

Белгия бошад, бо ин ҳама ситораҳои футболи худ, натавонист натиҷаи дилхоҳ ба даст орад ва боз ҳам бидуни ягон натиҷа мусобикотро тарк намуд.

Гурӯҳи “F”

Марокаш 2:1 Канада

Тими миллии Марокаш дар бозии даври 3-юми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2022 дар Қатар бар тими Канада бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуд. Вохӯрӣ дар шаҳри Давҳа, дар варзишгоҳи «Ал-Тумама» баргузор гардид.

Дар дақиқаи 4-ум нимҳимоятгари Марокаш Ҳаким Зиёч аз хатои дарвозабони Канада Милан Борян истифода бурда, ҳисобро боз кард.

Бартарии тими африқоиро дар дақиқаи 23-юм Юсуф ан-Носирӣ дучанд кард.

Дар дақиқаи 40-ум ҳимоятгари марокашӣ Наиф Агер тӯбро ба дарвозаи худаш зад.

Марокаш дар тӯли се давр ҳафт хол ба даст оварда, дар садри ҷадвали гурӯҳи "F" қарор гирифт. Канада пас аз се бозӣ бидуни хол дар ҷои чаҳорум қарор гирифт.

Марокаш бори дуввум дар таърихи Ҷоми ҷаҳонии футбол ба плей-офф роҳ ёфт. Бори аввал дар Ҷоми ҷаҳонии соли 1986 иттифоқ афтода буд.

Хорватия 0:0 Белгия

Тими милии Хорватия дар бозии даври севуми гурӯҳи “F” дар Ҷоми ҷаҳонии футбол-2022 бо Белгия мусовӣ кард. Вохӯрӣ дар варзишгоҳи "Аҳмад бин Алӣ" бо ҳисоби 0:0 анҷом ёфт.

Дар дақиқаи 15-уми вохӯрӣ сардовари бозӣ Энтони Тейлор пас аз спнҷиши VAR ҷаримаи пеналтӣ ба дарвозаи Белгияро ба далели дар ҳолати нобозӣ қарор доштани бозигари Хорватия лағв кард. 

Ҳамин тавр аз гурӯҳи “F” дастаҳои Марокаш бо 7 хол, Хорватия бо 5 хол ба даври дигар роҳхат гирифтанд. Белгияву Канада иштироки худро ба анҷом расонида ба хонаи худ баргаштанд.

Гурӯҳи “Е”

Ҷопон 2:1 Испания

Дастаи мунтахаби Ҷопон дар бозии ниҳоӣ, даври 3-юми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2022 бо тими миллии Испания вориди рақобат шуд.

Ҳисобро дар ин бозӣ дар дақиқаи 11-ум ҳамлагари тими мунтахаби Испания Алваро Мората боз кард.

Ҳамлагари тими миллии Ҷопон Ритсу Доан дар дақиқаи 48-ум ҳисобро баробар кард. Пас аз 3 дақиқа нимҳимоятгар Ао Танака ҷопонҳоро пеш баровард ва дар вохӯрӣ ҳисоби ниҳоӣ гузошт.

Олмон 4-2 Коста-Рика

Мунтахаби Олмон дар бозии даври севуми гурӯҳӣ бо тими Коста-Рика рақобат намуд. Дар нимаи аввал, дар дақиқаи 10-ум Серж Гнабрӣ пас аз партофти Давид Раум ҳисобро боз кард.

Дар нимаи дуюм нимҳимоятгари тими миллии Коста-Рика Елсин Техеда дар дақиқаи 58-ум ҳисобро баробар кард.  Сипас, дар дақиқаи 70-ум Коста-Рика бо голи Хуан Пабло Варгас пешсаф шуданд.

Пас аз се дақиқа нимҳимоятгари Олмон Кай Ҳавертз гол зад. Дар дақиқаи 85-ум Ҳаверт дубл зад.  Ҳисоби ниҳоӣ дар вохӯриро ҳамлагари дастаи Олмон Никлас Фюллкруг гузошт — 4:2.

Ҳамин тавр, дар ин гуруҳ мунтахаби Ҷопон 6 имтиёз ба даст оварда, мақоми аввалро касб кард. Испания бо 4 имтиёз дувум шуд. Ҳарду даста ба плей-оффи Ҷоми ҷаҳонии 2022 роҳ ёфтанд.

Мунтахаби Олмон 4 имтиёз ба даст оварда, аз ҳисобти таносуби манфии тӯбҳо бо Испания, дар ҷойи севум ва Коста-Рика бо 3 имтиёз дар ҷои охирин қарор гирифтанд.

Дар даври 1/8 финал Ҷопон 5 декабр бо Хорватия ва як рӯз баъд Испания бо Марокаш бозӣ мекунад.

Ҷадвали бозиҳои Ҷоми Ҷаҳон 2022 барои имрӯз, 2- юми декабр

20:00. Гана – Уругвай

20:00. Кореяи Ҷанубӣ – Португалия

00:00. Сербия – Швейтсария

00:00. Камерун – Бразилия

Соати бозиҳо бо вақти Душанбе нишон дода шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.