Тоҷикистон воридоти гандумро аз Қазоқистон кам карда, лекин содироти маҳсулоти худро зиёд кард

Давоми моҳҳои январ-сентябри соли 2022 Тоҷикистон аз Қазоқистон ба маблағи умумии 194,7 млн доллар 596,1 ҳазор тонна гандум ворид кард. Бино ба маълумоти хабаргузории «Зерно-онлайн» бо истинод ба ҶС «Центр развития торговой политики «QazTrade», дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта (700,9 ҳазор тонна) воридоти гандум аз рӯи ҳаҷм ба андозаи 15% кам шуда, лекин […]

agropraktika.com

Давоми моҳҳои январ-сентябри соли 2022 Тоҷикистон аз Қазоқистон ба маблағи умумии 194,7 млн доллар 596,1 ҳазор тонна гандум ворид кард.

Бино ба маълумоти хабаргузории «Зерно-онлайн» бо истинод ба ҶС «Центр развития торговой политики «QazTrade», дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта (700,9 ҳазор тонна) воридоти гандум аз рӯи ҳаҷм ба андозаи 15% кам шуда, лекин аз рӯи нарх – 18,3% ё худ 30,1 млн доллар афзудааст.

Гуфта мешавад, нархи миёнаи воридоти гандум аз Қазоқистон ба Тоҷикистон нисбат ба соли гузашта 39% – то 330 доллар барои 1 тонна боло рафтааст.

Қобили зикр аст, ки байни маҳсулоти воридотӣ аз Қазоқистон ба Тоҷикистон гандум дар зинаи аввал қарор дорад.

Тавре ки kaztag.kz хабар медиҳад, аммо сарфи назар аз коҳиши интиқоли зироати ғалладона, давоми моҳҳои январ-сентябри соли 2022 ҳаҷми умумии савдои дуҷониба байни Қазоқистон ва Тоҷикистон 979 млн долларро ташкил дод, ки 22% зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 мебошад.

Тибқи иттилои хабаргузорӣ, ҳаҷми воридот аз Тоҷикистон ба Қазоқистон давоми моҳҳои январ-сентябри соли 2022 ба миқдори 55,5% зиёд шудааст.

Гуфта мешавад, ҳаҷми содирот аз Қазоқистон ба Тоҷикистон давоми моҳҳои январ-сентябри соли 2022 ба андозаи 7% афзуда, зиёда аз 591 млн долларро ташкил додааст.

Ба ғайр аз гандум, Қазоқистон ба бозори Тоҷикистон ба миқдори зиёд маргарин ва маҳсулот аз пӯлод интиқол додааст.

Дар навбати худ, Тоҷикистон ба Қазоқистон ба маблағи 122 млн доллар маъдану консентрати мис, то 15 млн доллар – хушкмева ва чормағз, ба маблағи 6 млн доллар – ангури тару тоза ва хушкшуда фиристодааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.