Аз Душанбе 3527 метри мураббаъ партовҳои маишӣ бароварда шуд

Давоми соли равон 47 маротиба аксияи “Тозагии соҳил”, 51 маротиба “Тозагии маҳал” ва 8 маротиба “Тозагии шоҳроҳ” гузаронида шуда, 46,1 км соҳили дарёву каналҳо тоза шудаанд ва 3527 метри мураббаъ партовҳои сахти маишӣ бароварда шудаанд. Бо роҳандозӣ намудани аксияҳои экологӣ дар пойтахт тозагии ҳудуди шаҳраку маҳаллаҳо, каналҳои аз ҳудуди шаҳраку маҳаллаҳо гузаранда, ҷӯйборҳо ва новаҳои […]

Лоиқ Раҳмонов, сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе

Давоми соли равон 47 маротиба аксияи “Тозагии соҳил”, 51 маротиба “Тозагии маҳал” ва 8 маротиба “Тозагии шоҳроҳ” гузаронида шуда, 46,1 км соҳили дарёву каналҳо тоза шудаанд ва 3527 метри мураббаъ партовҳои сахти маишӣ бароварда шудаанд.

Бо роҳандозӣ намудани аксияҳои экологӣ дар пойтахт тозагии ҳудуди шаҳраку маҳаллаҳо, каналҳои аз ҳудуди шаҳраку маҳаллаҳо гузаранда, ҷӯйборҳо ва новаҳои обгузар таъмин гаштанд.

“Дар раванди  баргузории 47 аксияи экологии “Тозагии соҳил”, ки дар соҳили дарёи Варзоб, Душанбе, Лучоб, Кофарниҳон ва ҳудуди каналҳои Янги-Чоряккорон, Ҳазора, Шайнак, Қазоқон, селпартоҳои Свериденко, Коргар, Анзоб, Зарафшон доир гашта, , 46,1 км соҳили дарёву каналҳо тоза гашта, ба миқдори 3527 метри мураббаъ партовҳои сахти маишӣ тавассути 99 техникаи махсуси соҳаи коммуналӣ ба партовгоҳи шаҳрӣ бароварда шуд.

Дар асоси фармоиши раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар ҳудуди ноҳияҳои пойтахт 51 маротиба аксияи экологии “Тозагии маҳал” гузаронида шуда, дар ҷараёни аксия 855,4 метри мураббаъ партовҳои сахти маишӣ ҷамъоварӣ карда шуданд.

Гузашта аз ин, дар ҳудуди шоҳроҳҳо 8 маротиба аксияи “Тозагии шоҳроҳ” роҳандозӣ гардида, 12241 метри тӯлонӣ роҳҳо тоза карда шуда, 26,5 м3 партовҳо бароварда шуд.

Бояд гуфт, ки дар аснои гузаронидани аксияҳои экологӣ ҷиҳати баланд бардоштани маърифат ва тарбияи экологии аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ сурат гирифта, ба сокинони шаҳраку маҳаллаҳо фарҳанги шаҳрнишинӣ ва риояи Маромномаи сокини пойтахт таъкид карда мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.