Дабири кулли СААД дар бораи хатарҳо ба Тоҷикистон ва ҳамкорӣ бо Чин

Дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) Станислав Зас бар ин назар аст, ки хатари ҳамлаи бевосита ба кишварҳои Созмон аз қаламрави Афғонистон ҷой надорад, аммо барои Тоҷикистон ин кишвар мисли пешин манбаи хатар мебошад. “Айни замон хатари ҳамлаи бевосита аз Афғонистон ба мушоҳида намерасад, лекин таҳдидҳои пешина, аз қабили хатарҳои марбут ба терроризм, қочоқи […]

Asia-Plus

Дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) Станислав Зас бар ин назар аст, ки хатари ҳамлаи бевосита ба кишварҳои Созмон аз қаламрави Афғонистон ҷой надорад, аммо барои Тоҷикистон ин кишвар мисли пешин манбаи хатар мебошад.

“Айни замон хатари ҳамлаи бевосита аз Афғонистон ба мушоҳида намерасад, лекин таҳдидҳои пешина, аз қабили хатарҳои марбут ба терроризм, қочоқи маводи мухаддир ва ифротгароӣ боқӣ мемонанд”, – иброз доштааст Станислав Зас зимни нишасти матбуотӣ оид ба ҷамъбасти кори Созмон дар соли 2022. – Аз ин рӯ, албатта ба таҳкими сарҳадҳои ҷанубии Тоҷикистон таваҷҷуҳи  хосса зоҳир хоҳем кард”.

Гуфтаҳои ӯро Sputnik Таджикистан овардааст.

Анҷоми корҳо рӯи лоиҳаи Барномаи ҳадафноки байнидавлатии СААД оид ба таҳкими қитъаҳои сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро Зас рӯзмарра хондааст.

Ӯ ҳамчунин хабар додааст, ки дар ҳоли ҳозир масъалаи ба узвияти СААД пазируфтани аъзои нав баррасӣ намешавад.

“Ҳоло ин масъала баррасӣ намешавад. Ба он ба таври содда муносибат кардан ва аз пайи миқдор шудан ҳам лозим нест. Иқдомҳо барои тавсеаи созмон бояд самаранокии онро беҳтар ва амнияти умумиро баланд бардоранд. Мебояд на барои микдор, балки барои сифат кор кард”, – навиштааст РИА Новости.

Дабири кулли Созмон дар ҳамин нишаст инчунин хабар додааст, ки корҳо барои таҳкими ҳамкориҳо бо Чин идома доранд. Аммо дар бораи чӣ гуна будани ин ҳамкориҳо маълумот дода намешавад.

Ӯ танҳо зикр кардааст, ки “ҳам тариқи парлумон ва ҳам тавассути Вазоратҳои корҳои хориҷӣ барои таҳкими ҳамкориҳои СААД ва Чин корҳои муайян анҷом дода мешаванд".

Ёдрас мекунем, ки айни замон 6 кишвар – Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон ба ҳайати СААД шомиланд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.

Қоҳир Расулзода: иқлим ва норасоии об ба бахши кишоварзии Тоҷикистон таҳдид мекунанд

Сарвазири Тоҷикистон дар конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ суханронӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 85

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

ВКД Русия лоиҳаи санҷишии ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро барои солҳои 2027-2030 муаррифӣ кард

Мувофиқи низоми нав, ҷалби зиёда аз 1,7 млн нафар муҳоҷирони корӣ ба кишвар ба нақша гирифта шудааст.