“Танҳо баъди пок кардани мақола”. Қирғизистон сомонаи Радиои Озодиро боз накард

Сомонаҳои бахши қирғизии Радиои Озодӣ ("Азаттик Медиа") то замоне, ки мақолаи баҳсиро аз пойгоҳашон пок накунанд, баста мемонанд. Вазорати фарҳанг ва иттилооти Қирғизистон муҳлати баста шудани сомонаҳои Радиои Озодӣ дар Қирғизистонро тамдид кардааст. Хабаргузории “Кактус медиа” аз қавли Салкин Сарногоева, сардори шуъбаи сиёсати иттилоотии Вазорати фарҳанги Қирғизистон менависад, ки дар қонунгузорӣ муҳлати баста шудани сомонаҳо […]

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Сомонаҳои бахши қирғизии Радиои Озодӣ ("Азаттик Медиа") то замоне, ки мақолаи баҳсиро аз пойгоҳашон пок накунанд, баста мемонанд. Вазорати фарҳанг ва иттилооти Қирғизистон муҳлати баста шудани сомонаҳои Радиои Озодӣ дар Қирғизистонро тамдид кардааст.

Хабаргузории “Кактус медиа” аз қавли Салкин Сарногоева, сардори шуъбаи сиёсати иттилоотии Вазорати фарҳанги Қирғизистон менависад, ки дар қонунгузорӣ муҳлати баста шудани сомонаҳо зикр нашудааст ва танҳо баъди пок кардани мавод сомона дастрас хоҳад шуд.

Вазорати фарҳанги ин кишвар охири моҳи октябр сомонаи бахши қирғизии Радиои Озодӣ дар Қирғизистон барои ду моҳ баст.
Гуфта мешуд, ки ин сомона дар танишҳои марзӣ дар моҳи сентябр “барқасдона тарафи Тоҷикистонро гирифт”. Вале Ҷейми Флай, президенти Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ, ин даъвои ҷониби Қирғизистонро қотеъона рад кард.

Ин даъвои Вазорати фарҳангу иттилооти Қирғизистон аз навори рӯзи 16-уми сентябр пахш кардаи телевизиони “Настояшее Время” аст, ки раҳбарияти Радиои Озодӣ гузоришро ба ҳама меъёр посухгӯ медонад.

“Пас аз баррасии муҳтавои мавриди баҳс, ҳеч гуна нақзи меъёрҳоро мушоҳида накардем. Мо таслими фишор барои ҳазфи гузоришҳои баробарвазн аз сайтҳои худ нахоҳем шуд, чӣ аз сӯи Кремл бошад ва чӣ аз сӯи ҳукумати Қирғизистон”, – гуфтааст Ҷейми Флай.

Гуфтан ба маврид аст, ки тибқи гузоришҳои созмонҳои ҳуқуқи башар, баъди ба қудрат расидани Содир Ҷабборов, дар моҳи октябри соли 2020, фазои озодии баён дар Қирғизистон бадтар шудааст.

Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистон ва Қирғизистон дар масъалаи мушаххассозии хати сарҳад миёни ду кишвар баҳсҳои шадид доранд ва баъзан ин баҳсҳо боиси сар задани муноқиша дар сарҳад низ мешавад. Охирин муноқишаи мусаллаҳона дар сарҳади ин ду кишвар 14-17-уми сентябри соли ҷорӣ рух дод, ки дар натиҷаи он аз ҳар ду ҷониб даҳҳо нафар куштаву садҳо каси дигар захмӣ шуданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.