“Протоколҳои нав имзо шуд”. Мулоқоти навбатии гуруҳҳои кории Тоҷикистону Қирғизистон

Дирӯз, 26-уми декабр, дар Қирғизистон мулоқоти навбатии гуруҳҳои кории Тоҷикистон ва Қирғизистон баргузор гардид. Дар ин бора хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар медиҳад. Дар ин мулоқот фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии  КДАМ ҶТ генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶҚ генерал-майор Уларбек Шаршеев, Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, намояндаи ваколатдори Президенти Қирғизистон дар вилояти Бодканд […]

Алимшоҳ Меҳрзода, Asia-Plus

Дирӯз, 26-уми декабр, дар Қирғизистон мулоқоти навбатии гуруҳҳои кории Тоҷикистон ва Қирғизистон баргузор гардид. Дар ин бора хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.

Дар ин мулоқот фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии  КДАМ ҶТ генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶҚ генерал-майор Уларбек Шаршеев, Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, намояндаи ваколатдори Президенти Қирғизистон дар вилояти Бодканд Абдикарим Алимбаев, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, раисони шаҳру ноҳияҳои наздисарҳадӣ иштирок намуданд.

"Дар мулоқот ҷонибҳо рафти таъмини иҷрои протоколҳои қаблан имзошуда, аз ҷумла протоколи рақами 42 -ро баррасӣ карда, аз вазъи иҷрои ин ҳуҷҷат изҳори қаноатмандӣ карданд",-афзудааст манбаъ.

Гуфта мешавад тарафҳо таҳкими муносибатҳои дуҷонибаро зарурӣ ҳисобида, таъкид кардаанд, ки минбаъд тамоми масъалаҳои ба миён омада дар сатҳи шаҳру ноҳияҳо ҳал карда шавад. Роҳбарони ҳайатҳо протоколи нав ба имзо расонидаанд.

Гуфтан зарур аст, ки охирин мулоқоти ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ рӯзҳои 1 – 6 декабри соли 2022 дар шаҳри Ботканд баргузор гардида буд, ки зимни он ҷонибҳо “тавсифи лоиҳавии гузариши хатти сарҳади давлатиро ба масофаи 17,66 км иҷро намуда, ҷиҳати идомаи корҳо Нақша-ҷадвали вохӯриҳоро барои соли 2023 мувофиқа карданд”.

Дар шаҳри Душанбе бошад, бори охир 14-уми ноябри соли 2022 таҳти роҳбарии Саймумин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ва Қамчибек Тошиев, муовини сарвазир – раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон ҷаласа оид ба муайянкунӣ ва аломатгузории сарҳади давлатии ду кишвар баргузор гардида буд.

Он замон ҳам ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон протоколи дахлдорро ба имзо расонида, ҷузъиёти онро ба расонаҳо ироа накарда буданд.

Қаблан вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин аз минбари СММ дар Ню-Йорк гуфта буд, дар таърихи 20-солаи музокирот бо Қирғизистон даҳҳо протокол имзо шуда, бо гузашти вақту тағйири қувваҳои сиёсӣ дар қудрат, ин санадҳо таҷдиди назар мешаванд ва танҳо он муқаррароте, ки танҳо ба он тараф мақбул аст, мавриди иҷро қарор мегиранд.

“Ба ҳолати имрӯз, ҳар ду кишвар тавонистанд 602,5 км сарҳадро аломатгузорӣ намуда, шарҳи лоиҳавии онро омода кунанд, ки ин 61 фисад аз дарозии умумии марзро ташкил медиҳад”, – гуфта буд Сироҷиддин Муҳриддин.

Он замон вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон аз минбари СММ афзуда буд, “боиси таассуфи амиқ аст, ки Қирғизистон бо такя ба бархӯрди яктарафа, ҷонибдорона ва аз пеш таъйиншуда шурӯъ аз солҳои 50-уми асри гузашта худсарона зиёда аз 2110 километри мураббаъ замини қонунан мансуб ба Тоҷикистонро ғасб намудааст. Ба ин нукта низ ҳамсояҳои мо ишора накарданд”.

Ёдовар мешавем, ки дарозии марзи байни ду ҷумҳурӣ тақрибан 970 километрро ташкил медиҳад ва расмиёти аломатгузории он пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ анҷом наёфтааст. Дар ҳоли ҳозир, Тоҷикистону Қирғизистон аз 970 километр марз танҳо 602,5 километри онро аломатгузорӣ намудаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио