Сафорат мегӯяд, ҳуввияти тоҷиконе, ки дар Ленинград мавриди ҳамла қарор гирифтанд, маълум нест

Сафорати Тоҷикистон дар Русия ҳамла ба се шаҳрванди Тоҷикистонро дар вилояти Ленинград тасдиқ кард ва гуфт, дар ҳоли ҳозир шахсияти ҷабрдидаҳо муайян карда мешавад. Як масъули сафорат дар суҳбат бо «Азия-Плюс» гуфт, сабаби ҳамла ба муҳоҷирони тоҷик то ҳол маълум нест ва Сафорати Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо мақомоти марбутаи Русия боз кардани парвандаи ҷиноиро баррасӣ […]

Сафорати Тоҷикистон дар Русия ҳамла ба се шаҳрванди Тоҷикистонро дар вилояти Ленинград тасдиқ кард ва гуфт, дар ҳоли ҳозир шахсияти ҷабрдидаҳо муайян карда мешавад.

Як масъули сафорат дар суҳбат бо «Азия-Плюс» гуфт, сабаби ҳамла ба муҳоҷирони тоҷик то ҳол маълум нест ва Сафорати Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо мақомоти марбутаи Русия боз кардани парвандаи ҷиноиро баррасӣ доранд.

«Сафорат ва Консулгарии генералӣ дар Санкт-Петербург аз ин қазия огоҳанд ва онро пайгирӣ доранд. Мақомоти интизомии Русия масъалаи боз кардани парвандаи ҷиноиро баррасӣ доранд, тафтишоти пешакӣ идома дорад», – гуфт манбаъ.

Ёдовар мешавем, ки чанд рӯз пеш расонаҳои Русия иттилоъ доданд, ки ду нафар ба сӯи сохтмоне, ки се муҳоҷири тоҷик кор мекарданд, тирпарронӣ карда, баъд аз он мехостанд биноро оташ зананд.

Ҳодиса шоми 26-уми декабр дар ноҳияи Лодейнополски вилояти Ленинград рух додааст.

Вақте шаҳрвандони Тоҷикистон ба корҳои таъмиркунӣ машғул буданд, ду нафар ба онҳо наздик шуданд. Яке аз онҳо шишаеро бо латтаи даргиронда (Коктейл Молотов) ба сӯи хона партофт ва дуюмӣ аз дастгоҳи номаълум се тир холӣ кард.

Дар ин ҳамла касе осеб надидааст. Кормандони пулис ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуда, се тири яроқ ва як “Коктейл Молотов”-ро дарёфт кардаанд.

Айни ҳол ҳамлагарон ҷустуҷӯ мешаванд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.