Соли нави 2023 муборак, Тоҷикистон!

Хонандаҳои азиз! Соли гузашта, ба мисли солҳои пешин лабрези ҳаводиси фоҷиавию хушбинона ва пурбаҳсу дар баъзе лаҳзаҳо нофаҳмо буд. Аксари ин ҳаводис дар ҷомеаи мо ба таври густарда ба баҳс кашида шуданд, ҳамчунин, дар саҳфаҳои Гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс” низ. Мо талош кардем, ки дар давоми сол барои шумо хабарҳо муҳимро бирсонем ва ҳамроҳ муҳимтаринҳои онҳоро […]

Хонандаҳои азиз!

Соли гузашта, ба мисли солҳои пешин лабрези ҳаводиси фоҷиавию хушбинона ва пурбаҳсу дар баъзе лаҳзаҳо нофаҳмо буд. Аксари ин ҳаводис дар ҷомеаи мо ба таври густарда ба баҳс кашида шуданд, ҳамчунин, дар саҳфаҳои Гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс” низ.

Мо талош кардем, ки дар давоми сол барои шумо хабарҳо муҳимро бирсонем ва ҳамроҳ муҳимтаринҳои онҳоро баррасӣ кунем. Бештари мавзуъҳоро барои мо, шумо хонандаҳои мо пешниҳод кардед, ки барои ин ташаккур мекунем. Аз шумо барои саволҳои матраҳкарда, барои муроҷиатҳои бамавқеъ ва омода кардани матолиби ҷудогона миннатдорем.

Шумо оинаи “Азия-Плюс” ҳастед ва мо умедворем, ки дар соли нав низ бо ҳам доғтарин мавзуъҳои ҷомеи худро пӯшиш медиҳем.

Бе шумо ва бидуни пуштибонии шумо мо наметавонистем рушд кунем. Ҳарчанд бо иштибоҳҳо пеш меравем, вале ин ҳам як роҳи душвори расидан ба муваффақият аст.

Мо бовар дорем, ки ин сол барои мову кишвари мо як соли пур аз дастовард хоҳад буд. Мо ҷавонем, медонем, ки барои чӣ чизе талош мекунем, мо ҳадафҳоро мушаххас кардаем ва барои дастёбӣ ба онҳо ҷаҳд дорем.

Бигзор соли нав ҳаводиси саропо хушӣ, эҳсосҳои мусбат, бозёфтҳои наву давстовардҳои бисёре биоварад.  Бигзор дар хонадони шумо ҳамеша фазои мусбат, ишқ ва самимият ҳукмфармо бошад. Бигзор ҳар рӯзи шумо лабрези саъодату бовармандӣ ба фардои беҳтар бошад.

Мо хеле мехоҳем, ки орзуи асливу асосии мо – сулҳ дар кишвар барои ҳамеша побарҷо бошад. Саломату хушҳол бошед.

Соли нав муборак!

Бо эҳтиром, аҳли қалами Гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс”.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.