Сӯхтори чойхона дар Мастчоҳ

Дирӯз, 5-уми январ, дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд чойхонае ба коми оташ рафт, ки навори он ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфта, мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт. Тавр аз хадамоти оташнишонии ноҳияи Мастчоҳ ба “Азия-Плюс” иттилоъ доданд, сӯхтор тахминан соати 15:00 дар чойхонаи ҷамоати деҳоти Мастчоҳ сар зада, масоҳати он 60 мерти мураббаъро фаро гирифтааст. Неъмат Идизода, […]

Дирӯз, 5-уми январ, дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд чойхонае ба коми оташ рафт, ки навори он ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфта, мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт.

Тавр аз хадамоти оташнишонии ноҳияи Мастчоҳ ба “Азия-Плюс” иттилоъ доданд, сӯхтор тахминан соати 15:00 дар чойхонаи ҷамоати деҳоти Мастчоҳ сар зада, масоҳати он 60 мерти мураббаъро фаро гирифтааст.

Неъмат Идизода, сардори хадамоти давлатии оташнишонии ноҳияи Мастчоҳ гуфт, ки ин чойхона аз солҳои Шӯравӣ бекорхобида буда, фаъолият намекард ва аз сабаби он, ки бо чӯб бунёд ёфта буд, алангаи оташ зуд масоҳати зиёдро иҳота кардааст.

“Ҳоло таҳқиқот идома дорад ва сабабу омили сухтор муайн карда мешавад”, – гуфт Неъмат Идизода.

Гуфтан ба маврид аст, ки танҳо дар моҳи декабри соли гузашта дар вилояти Суғд 10 ҳодисаи сӯхтор ба қайд гирифта шуд.

Аз ҷумла, 8-уми декабр, дар мактаби №51-и ҷамоати деҳоти Кулканди шаҳри Исфара низ сӯхтор рух дод, ки дар натиҷа, қисме аз мактаб сӯхта хароб гашт.

Пештар аз ин, рӯзи 5-уми декабр, дар шаҳри Истаравшан нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ ба коми оташ рафта буд.

Ба қавли Неъмат Идизода ин аввалин ҳодисаи сӯхтор дар ноҳияи Мастчоҳ давоми соли ҷорӣ будааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.