Ба ҳаракати мошинҳои сабукрав дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ иҷоза шуд

Баъди чанд муддат баста шудани шоҳроҳи Душанбе – Чаноқ бар асари тармафароиҳо, айни замон ҳаракати мошинҳои сабукрав тариқи ин роҳ барқарор шуд. Ба иттилои "IRS" ҳоло ҳаракати нақлиёт аз Душанбе ба Хуҷанд танҳо барои мошинҳои сабукрав иҷозат дода шудааст. Корҳо барои рафъи оқибатҳои тарма идома доранд. Дар филиали ширкат зикр кардаанд, ки ки ҳоло барфи […]

Баъди чанд муддат баста шудани шоҳроҳи Душанбе – Чаноқ бар асари тармафароиҳо, айни замон ҳаракати мошинҳои сабукрав тариқи ин роҳ барқарор шуд.

Ба иттилои "IRS" ҳоло ҳаракати нақлиёт аз Душанбе ба Хуҷанд танҳо барои мошинҳои сабукрав иҷозат дода шудааст. Корҳо барои рафъи оқибатҳои тарма идома доранд.

Дар филиали ширкат зикр кардаанд, ки ки ҳоло барфи зиёд борида, хатари фаромадани тарма боқӣ мемонад.

Зимнан аз ронандагон хохиш карда мешавад, ки дар роҳҳои кӯҳӣ ниҳоят эҳтиёткор бошанд.

Қаблан дар километрҳои 69, 71 ва 80-уми роҳ тармаҳои калон фаромада, ба муваққатан қатъ гардидани ҳаракати воситаҳои нақлиёт боис гардида буданд.

Ёдрас мекунем, ки қаблан обуҳавошиносон огоҳ карда буданд, ки дар қаламрави кишвар обуҳавои номусоид дар назар буда, ҳарорат то 19-24 дараҷа хунук мешавад. Шаби 11-уми январ дар аксари ноҳияҳои кишвар боришоти шадиди барф ва дар роҳҳои кӯҳӣ фаромадани тармаву барфтӯда ва яхбандии роҳҳо пешгӯӣ шуда буд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.