Истаравшан: директори корхонаи обтаъминкунӣ аз шаҳрванд 14 ҳазор доллар ва 50 ҳазор сомонӣ талаб кардааст

Директори Корхонаи давлатии фаръии обтаъминкунӣ ва канализатсияи шаҳри Истаравшан Алӣ Алиев ба қаллобӣ гумонбар дониста мешавад. Бино ба иттилои Агентии зиддифасоди ҷумҳурӣ, Алиев зимни фаъолияти кориаш бо роҳи фиреб ва суистифодаи боварӣ аз сокини маҳаллӣ барои хидматрасониаш маблағи калони пулӣ талаб кардааст. “Ӯ барои ҳамчун намояндаи фармоишгар қабул намудани корҳои насбкунии обченкунакҳо ва таҷҳизоти пайвасткунӣ […]

Директори Корхонаи давлатии фаръии обтаъминкунӣ ва канализатсияи шаҳри Истаравшан Алӣ Алиев ба қаллобӣ гумонбар дониста мешавад.

Бино ба иттилои Агентии зиддифасоди ҷумҳурӣ, Алиев зимни фаъолияти кориаш бо роҳи фиреб ва суистифодаи боварӣ аз сокини маҳаллӣ барои хидматрасониаш маблағи калони пулӣ талаб кардааст.

“Ӯ барои ҳамчун намояндаи фармоишгар қабул намудани корҳои насбкунии обченкунакҳо ва таҷҳизоти пайвасткунӣ дар шаҳри Истаравшан аз шаҳрванд 14 ҳазор доллар гирифта, боз овардани 5 ҳазор сомонии дигарро талаб кардааст”, – омадааст дар хабари Агентӣ.

Гуфта мешавад, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ Алӣ Алиев баъди аз шаҳрванд гирифтани 5 ҳазор сомонӣ дар утоқи кориаш дастгир ва маблағи мазкур ҳамчун далели шайъӣ ёфта гирифта шуд.

Зикр мегардад, ки оид ба ҳолати мазкур нисбати Алиев бо моддаи 247 қ. 4 банди “б” Кодекси ҷиноятии ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, баъди анҷоми тафтиши пешакӣ он бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол карда шуд.

Дар ин модда ҷазои аз 1460 то 2190 нишондиҳанда барои ҳисоб ҷарима ё маҳрумият аз озодӣ ба муҳлати аз 8 то 12 сол бо маҳрум кардан аз ишғоли вазифаҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба муҳлати то 5 сол ҷазо пешбинӣ шудааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.