Си Ҷинпин – охирин умеди Ғарб барои қатъи ҷанг дар Украина?

Тавре қаблан хабар дода будем, Эммануэл Макрон, раисҷумҳури Фаронса якҷо бо Урсула фон дер Ляйен, роҳбари Комиссияи Иттиҳоди Аврупо бо сафари серӯза вориди пойтахти Чин шаҳри Пекин шуданд. Низоъ дар Украина муҳимтарин масъалае буд, ки ин ду сиёсатмадори матраҳи Аврупо дар мулоқот худ бо роҳбари давлати Чин бештар сари он таваҷҷуҳ карданд ва барои қатъи […]

Алимшоҳ Меҳрзода, Asia-Plus

Тавре қаблан хабар дода будем, Эммануэл Макрон, раисҷумҳури Фаронса якҷо бо Урсула фон дер Ляйен, роҳбари Комиссияи Иттиҳоди Аврупо бо сафари серӯза вориди пойтахти Чин шаҳри Пекин шуданд.

Низоъ дар Украина муҳимтарин масъалае буд, ки ин ду сиёсатмадори матраҳи Аврупо дар мулоқот худ бо роҳбари давлати Чин бештар сари он таваҷҷуҳ карданд ва барои қатъи он аз Си Ҷинпин кӯмак хостанд.

Макрон: “Шумо метавонед Русияро ба сулҳ водор созед”

Эммануэл Макрон, раиси ҷумҳури Фаронса, ки бо сафари серӯза дар Чин қарор дорад, аз Си Ҷинпин, раиси ҷумҳури ин кишвар хостааст, ки “бо истифода аз нуфузаш ба Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия ҷиҳати хатми ҷанг дар Украина мусоидат кунад”.

Макрон хитоб ба Си Ҷинпин гуфтааст, “ман медонам, ба шумо такя карда метавонам, ки Русияро ба ҳуш биёваред ва ҳамаро ба сари мизи музокирот баргардонед”, менависад Би-би-сӣ.

Дар посух, раиси ҷумҳури Чин изҳори умедворӣ кардааст, ки “ҷонибҳо ҳарчи зудтар музокироти сулҳро оғоз мекунанд”.

Хоҳиши Макрон аз Ҷинпин дар ҳоле, ки чанд ҳафта қабл Чин нақшаи сулҳ дар Украинаро пешниҳод намуд, аммо он аз ҷониби ҳеҷ як давлати ғарбӣ, аз ҷумла Фаронса ҷонибдорӣ нагардид.

Урсула фон дер Ляйен: “Мо ба Чин умед мебандем”

Урсула фон дер Ляйен пас аз мулоқоти сеҷониба бо Макрон ва Си Ҷинпин, бо роҳбари Чин вохӯрии хоса доир намуд ва баъди он аз “ният”-и Си Ҷинпин барои гуфтугӯ бо ҳамтои украиниаш Владимир Зеленский хабар дод ва онро “қадами мусбат” дар самти хатми бӯҳрон дар Украина номид.

“Дар музокироти имрӯза таъкид кардам, ки аз нақшаи сулҳи раисҷумҳури Украина Зеленский комилан ҷонибдорӣ мекунам. Инчунин, баъзе аз принсипҳои пешниҳодкардаи Чин, аз ҷумла дар масъалаи амнияти ҳастаӣ ва коҳиш додани хатарҳои он ва изҳороти Чин дар бораи қобили қабул набудани таҳдидҳои ҳастаӣ ё истифодаи силоҳи ҳастаӣ истиқбол кардам”, – бо истинод ба Урсула фон дер Ляйен навиштааст euronews.

Ӯ гуфта, ки Чин ҳамчун узви доимии Шӯрои амнияти СММ ва дӯсти дерини Русия масъулият дорад, аз нуфузи худ истифода кунад.

“Мо ба Чин умед мебандем, ки ин масъулиятро иҷро мекунад”, – умедворӣ кард Урсула фон дер Ляйен.

Дар ин баробар, роҳбари Комиссияи Иттиҳоди Аврупо ба Чин ҳушдор додааст, ки “агар Чин дар замони ҷанги Украина ба Русия силоҳ содир кунад, равобиташро бо Иттиҳодияи Аврупо ба таври қобили мулоҳиза хароб хоҳад кард”, – менависад euronews.

Си Ҷинпин чӣ посух дод?

Си Ҷинпин ба ҳайси мизбон ва бо риояи анъанаҳои дипломатии хоси Чин ба даъватҳои Эмманеэл Макрон ва Урсула фон дер Ляйен гуфтааст, ки омода аст бо Порис барои ҷилавгирӣ аз ташдиди авзоъ ҳамкорӣ кунад ва умедвор аст, ки низоъ тавассути “роҳи ҳалли сиёсӣ” ба поён хоҳад расид.

“Мо бояд аз бархӯрд канорагирӣ карда, ғайринизомиён ва кӯдаконро муҳофизат кунем”- таъкид кардааст раҳбари Чин.

Си Ҷинпин  таъкид кардааст, ки Чин “зидди истифодаи силоҳи ҳастаӣ, биологӣ ё кимиёвӣ, ҳамла ба нерӯгоҳҳо ё иншооти барқӣ аст”.

Бояд гуфт, ки сафари президенти Фаронса ва роҳбари Комиссияи Иттиҳоди Аврупо ба Чин баъди мулоқоти Си Ҷинпин, роҳбариин кишвари шарқӣ бо Владимир Путин, раисҷумҳури Русия ва дидору гуфтугӯи ӯ дар Маскав иттифоқ меафтад. Си бо сафари серӯза вориди Маскав шуд ва бо Путин изҳороти муштарак дод. Аз ҷумла, дар аксари масоили мубрам мавқеи муштараки Чин ва Русияро зикр намуд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 апрели соли 2026

Аз интихоби раиси Маҷлиси миллӣ то зодрӯзи Абдулаҳад Қаҳҳоров ва даргузашти Сталина Азаматова

#AP30/Коршинос. Рашид Ғанӣ Абдулло: “Азия-Плюс”муаррифи Тоҷикистон шуд

Сиёсатшинос ва таҳлилгари шинохтаи тоҷик ба табрики “Азия-Плюс” омад ва дар бораи мавқеи он дар арсаи расонаҳои кишвар ва минтақа андешаашро иброз дошт.

Дафтари САҲА дар Душанбе “Азия-Плюс”-ро ба 30-солагиаш табрик кард

Ин созмон саҳми расонаи моро дар рушди журналистика дар кишвар муҳим арёзбӣ кард.

Дар Тоҷикистон минтақаҳои озоди иқтисодӣ рақамӣ мешаванд

Минбаъд соҳибкорон имкон пайдо мекунанд, ки дархостҳои худро ба таври онлайн пешниҳод кунанд..

Заҳролудшавии 4 кас баъди истеъмоли гушти мурғ дар яке аз ошхонаҳои Панҷакент

Ошхонае, ки сокинон заҳролуд шудаанд, муваққатан баста шудааст.

Тасдиқи реҷаи нави кори мағоза ва тарабхонаву марказҳои дилхушӣ дар Душанбе. Онҳо то кай бояд кор кунанд?

Соҳибони марказҳои савдову хидматрасонӣ бояд реҷаи кори худро бо комиссияи шаҳрдорӣ мувофиқа кунанд.

Русия 27 шаҳрванди Тоҷикистонро аз Эрон берун баровардааст

Онҳо дар нерӯгоҳи ҳастаии "Бушаҳр" кор мекарданд.

Муштзанони тоҷик дар марҳилаи якуми Ҷоми ҷаҳон дар Бразилия ширкат мекунанд

Федератсияи бокси Тоҷикистон ҳайати дастаро, ки аз 4 варзишгар иборат аст, эълон кард.