Тоҷикистону Эрон размоиши муштараки ҳарбӣ мегузаронанд

Шараф Эгамзод, муовини ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ва Ҳусайнӣ Валиванд, фармондеҳи донишгоҳи фармондеҳӣ ва ситоди артиши Эрон дар бораи баргузории размоишҳои муштарак гуфтугӯ кардаанд. Дар ин бора хабаргузории ҳукумати Эрон “Садо ва Симо” иттилоъ медиҳад. Ба гузориши хабаргузорӣ, генерал Ҳусайнӣ Валиванд дар дидор бо генерал Шараф Эгамзод дар Теҳрон бо истиқбол аз ҳамкориҳои ду […]

Шараф Эгамзод, муовини ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ва Ҳусайнӣ Валиванд, фармондеҳи донишгоҳи фармондеҳӣ ва ситоди артиши Эрон дар бораи баргузории размоишҳои муштарак гуфтугӯ кардаанд. Дар ин бора хабаргузории ҳукумати Эрон “Садо ва Симо” иттилоъ медиҳад.

Ба гузориши хабаргузорӣ, генерал Ҳусайнӣ Валиванд дар дидор бо генерал Шараф Эгамзод дар Теҳрон бо истиқбол аз ҳамкориҳои ду кишвар, ибрози умедворӣ кардааст, ки равобити Эрон ва Тоҷикистон дар ҳамаи бахшҳо ва ба вижа, бахши дифоӣ беш аз пеш густариш ёбад.

Дар идомаи ин мулоқот, генерал Шараф Эгамзод гуфтааст, “умедворем битавонем дар арсаҳои дифоӣ ва тавсеаи ҳамкориҳо гомҳои хубе бардорем”.

Ҳайати низомии Тоҷикистон аз маконҳои мухталифи ин донишгоҳ аз ҷумла, маркази бози ҷанг, донишкадаи фармондеҳӣ ва ситод, донишкадаи пуштибонӣ ва ситод боздид кардааст.

Гуфтан ба маврид аст, ки ин аввалин тамрини низомии муштарак миёни ҳарбиёни Тоҷикистону Эрон пас аз барқароршавии муносибатҳои барои муддате сардгашта мебошад. Мушоҳида мешавад, ки ҳамакнун, мақомоти ду кишвар дар аксар бахшҳо равобитро густариш медиҳанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.