Додситонҳои тоҷик “гӯш кардан ва сабти гуфтугӯи телефонӣ”-ро омӯхтаанд

Даҳҳо додситони тоҷик шеваи гузаронидани кофтуков, назорати хабарҳое, ки тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн мешаванд, гӯш ва сабт кардани гуфтугӯи телефониро омӯхтаанд. Дар ин бора сомонаи Додситонии кулли Тоҷикистон хабар медиҳад. Манбаъ менависад, ин тасмим бо дастури додситони кулли Тоҷикистон Раҳмон Юсуф сурат гирифта, машғулияти таълимӣ аз 4-ум то 12-уми апрели соли 2023 дар се минтақаи […]

Даҳҳо додситони тоҷик шеваи гузаронидани кофтуков, назорати хабарҳое, ки тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн мешаванд, гӯш ва сабт кардани гуфтугӯи телефониро омӯхтаанд.

Дар ин бора сомонаи Додситонии кулли Тоҷикистон хабар медиҳад.

Манбаъ менависад, ин тасмим бо дастури додситони кулли Тоҷикистон Раҳмон Юсуф сурат гирифта, машғулияти таълимӣ аз 4-ум то 12-уми апрели соли 2023 дар се минтақаи Тоҷикистон бо иштироки беш аз 70  муфаттиши додситонии ҳарбӣ, додситонҳои вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо баргузор гардид. 

“Дар раванди машғулиятҳо диққати асосӣ ба омӯзиши  талаботи қонунгузории мурофиавӣ ҳангоми тафтиши парвандаҳои ҷиноятӣ, таъмини саривақтии ҳаракатҳои тафтишотӣ оид ба кофтуков, ёфта гирифтан, ҳабси молу мулк ҷиҳати таъмини даъвои гражданӣ бо парвандаҳои ҷиноятӣ ва барқарор намудани зарари расонидашуда равона гардида, аз ҷониби устодон… инчунин кормандони раёсату шуъбаҳои Прокуратураи генералӣ тариқи назариявию амалӣ омӯзонида шуд”, – омадааст дар хабаре, ки сомонаи Додситонии кул нашр кардааст.

Бояд гуфт, ки тибқи қонунгузории кишвар “вайрон кардани маҳрамияти мукотиба, сӯҳбатҳои  телефонӣ, муросилот ва мухобирот телеграфӣ ё дигар мухобирот” манъ буда, тибқи моддаи 146 Кодекси ҷиноятии ҶТ, барои вайрон кардани ин меъёри қонун, ҷавобгарӣ пешбинӣ гардидааст.

Аммо дар баробари ин, моддаи 196-и Қодекси мурофиавии ҷиноятии ҶТ ба додситонҳо иҷоза медиҳад, ки дар ҳолатҳои муқаррарнамудаи қонун, аз ҷумла тафтиши парвандаи ҷиноятӣ дар бораи ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин, ба шарти мавҷуд будани асосҳои кофӣ барои тахмини он ки гуфтугӯи телефонии гумонбаршуда, айбдоршаванда ва дигар шахсон ё гуфтугӯ бо дигар воситаҳои алоқа, ки дорои маълумот дар бораи ҷиноят шуда метавонанд ё дорои маълумоти барои парванда аҳамиятнок мебошанд, бо иҷозати суд гуфтугӯҳоро гӯш ва сабт намоянд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.