Огоҳии КҲФ аз обуҳавои номусоид дар рӯзҳои истироҳат

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, ки рӯзҳои 6-7-уми май дар қаламрави ҷумҳурӣ ҳавои номусоид дар назар дошта шудааст. Ба иттилои сомонаи Кумита, дар ноҳияҳои ҷудогонаи тобеъи ҷумҳурӣ, вилоятҳои Хатлон ва Суғд боронҳои пуршиддат ва ҳатто жола меборад, раъду барқ мешавад. Ҳангоми раъду барқ дар баъзе ноҳияҳо бод шиддат […]

Asia-Plus

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, ки рӯзҳои 6-7-уми май дар қаламрави ҷумҳурӣ ҳавои номусоид дар назар дошта шудааст.

Ба иттилои сомонаи Кумита, дар ноҳияҳои ҷудогонаи тобеъи ҷумҳурӣ, вилоятҳои Хатлон ва Суғд боронҳои пуршиддат ва ҳатто жола меборад, раъду барқ мешавад. Ҳангоми раъду барқ дар баъзе ноҳияҳо бод шиддат мегирад. Хатари зарар дидан аз барқ (чароғак) вуҷуд дорад. Дар роҳҳои кӯҳӣ ва ағбаҳо хатари лағзиши тарма, ярч ва резиши санг вуҷуд дорад.

Эҳтимоли болоравии сатҳи об дар рӯдхонаҳои ҷоришаванда аз қаторкӯҳҳои Ҳисор, дарёҳои Ёхсу, Қизилсу (ҷанубӣ), Вахш, Зарафшон ва Исфара зиёд аст.

Боронҳои пуршиддат метавонанд боиси афзудани шумори садамаҳо дар роҳҳо шаванд. Бахусус, дар роҳҳои кӯҳиву наздикӯҳӣ ҳавои тираву боронӣ ҳаракати мошинҳоро ба мушкил рӯбарӯ месозад.

Рафтан ба саҳро барои анҷом додани корҳои кишоварзӣ, молчаронӣ ва рафтан ба доманакӯҳҳо барои ғунучини ҳезум ё гиёҳҳои шифобахш хатар дорад.

Дар ҳамин иртибот Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз кулли сокинон ва меҳмонони кишвар хоҳиш мекунад, ки дар ин рӯзҳо аз сафарҳои безарурат аз тариқи роҳҳои кӯҳӣ худдорӣ кунанд.

Аз ҳамаи ронандагоне, ки сафари дур доранд, хоҳиш мешавад дар ҳавои боронӣ, ки маъмулан муҳитро тира мекунад, суръати ҳаракатро боло набаранд ва ҷони худу ҷони ҳамсафарони худро дар хатар нагузоранд.

Гуфта мешавад, сокинон бояд сари вақт ҷӯйбору каналҳо ва селроҳаҳоро аз ҳар гуна монеъаҳо тоза кунанд, то хатари харобӣ аз сел вуҷуд надошта бошад.

Кумта ҳамчунин ҳушдор медиҳад, ки ҳавои номусоид метавонад боиси зарар дидани хатҳои интиқоли барқ шавад, ба боди шадид метавонад ба бомҳои хонаҳои истиқоматӣ зарар расонад.

Ҳангоми дар кӯчаҳо  гардиш кардан, ҳаргиз зери дарахтон ва пояҳои сустниҳоди рекломҳо қарор нагиред.

Кумита аз сокинон бо эҳтиром хоҳиш мекунад тадбирҳои бехатариро ҷиддан риоя кунанд.

Дар ҳоли пеш омадани ин ё он ҳодисаи фавқулодда шаҳрвандон метавонанд то белефонҳои 112,  (+992) 93 880 28 19, 223 13 11 муроҷиат кунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.