Ду заминларза ва мушаххас шудани номи қурбониёни садамаи нақлиётӣ дар Карон

Шабонарӯзи гузашта дар кишвар заминларза, садамаи нақлиётии марговар ва ғарқшавӣ дар обанборҳо ба қайд гирифта шудаанд, хабар медиҳад Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ба гуфтаи манбаъ, дирӯз, 2-юми май, соати 15:31 дақиқа дар Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шудааст. “Маркази заминларза дар 293-километрии ҷанубу шарқи шаҳри Душанбе, 58-километрии ғарби шаҳри […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Алимшоҳ Меҳрзода, Asia-Plus

Шабонарӯзи гузашта дар кишвар заминларза, садамаи нақлиётии марговар ва ғарқшавӣ дар обанборҳо ба қайд гирифта шудаанд, хабар медиҳад Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ба гуфтаи манбаъ, дирӯз, 2-юми май, соати 15:31 дақиқа дар Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шудааст.

“Маркази заминларза дар 293-километрии ҷанубу шарқи шаҳри Душанбе, 58-километрии ғарби шаҳри Хоруғ дар қаламрави Афғонистон воқеъ будааст. Қувваи заминларза дар маркази заминларза 5 балл ва дар Хоруғ 3 баллро ташкил додааст”, – менависад манбаъ.

Ҳамчунин, имрӯз, 3-юми май, низ дар кишвар заминларза ба қайд гирифта шуд, хабар доданд аз Институти геофизикаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тотористон ба ОИ “Азия-Плюс”.

Заминларзаи ахир соати 14:51 ба вақти маҳаллӣ рух дод ва маркази он дар 285-километрии ҷанубу шарқи шаҳри Душанбе, дар давлати Афғонистон воқеъ буд.

Шиддати зилзила дар маркази он 4 балл, дар Душанбе 2-3 баллро ташкил намуд.

Таъкид мешавад, ки дар ҳудуди Тоҷикистон қурбонӣ ва хисорот ба қайд гирифта нашудааст.

Шахсияти дар садама ҳалокшудагон маълум гардид

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон номи 6 қурбонии садамаи субҳи 2 май дар ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро нашр кард.

Тибқи иттилои ин ниҳод, рӯзи 2-юми май, тахминан соати 08:30-дақиқа, автомашинаи тамғаи “Тайота-Рунер”, таҳти идораи Хумай Каримови 34 солаи сокини Душанбе, ҳангоми ҳаракат дар мавзеи таърихии қалъаи Карон, дар баландии кӯҳ, тахминан дар масофаи 1500 метр аз деҳаи Рӯзвайи ноҳияи Дарвоз аз баландии 350 метр ба қафо сарозер шудааст.

Дар натиҷа, ронанда ва 5 нафар аз мусофиронаш дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.

Қурбониёни садама инҳо будаанд:

Каримов Хумай Хушназарович, соли таваллудаш 1989, сокини шаҳри Душанбе,

Суяров Ҳасаналӣ Ҷураевич, соли таваллудаш 1964, сокини ноҳияи Рудакӣ,

Тухтаев Бахтиёр Сангинович, соли таваллудаш 1965, сокини ноҳияи Рудакӣ,

Макрамшоев Корвоншо Қурбонбекович, соли таваллудаш 1989, сокини ноҳияи Ишкошим,

Азизхоҷазода Беҳзод Давлатхуҷа, соли таваллудаш 1989, сокини ноҳияи Дарвоз,

Зиёев Хушқадам Хушвахтович, соли таваллудаш 1964, сокини ноҳияи Дарвоз.

ВКД қайд мекунад, ки аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

Ғарқшавии ду ҷавон

Пас аз нисфирӯзии дирӯз, 2-юми май, наҷотдиҳандагони КҲФ дар вилояти Хатлон дар натиҷаи корҳои ҷустуҷӯӣ-наҷотдиҳӣ ҷасади як кӯдаки 7-солаи сокини ҷамоати деҳоти ба номи Н.Хисрави ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлонро, ки рӯзи 30-юми апрел дар обанбор ғарқ шуда буд, се километр дуртар аз ҷойи ҳодиса пайдо карда ва ба кормандони милитсия супурдаанд.

Бино ба иттилои шуъбаи навбатии Раёсати КҲФ дар вилояти Хатлон, рӯзи 2-юми май ҳангоми оббозӣ дар канали байни деҳаҳои Ваҳдати ҷамоати деҳоти Ҳаёти Нави ноҳияи Ёвон ҷавони 14-солаи сокини чамоати деҳоти Даҳана ба канал афтода ғарқ шуд.

КҲФ хабар медиҳад, ки ҳоло ҷасади ин наврас пайдо нашудааст ва ҷустуҷӯи он идома дорад.

Ёдовар мешавем, ки тибқи иттилои расмӣ, дар зарфи се моҳи аввали соли ҷорӣ дар Тоҷикистон 411 ҳолат ва ҳаводиси фавқулода (520 – ҳамин давраи соли 2022) ба қайд гирифта шудааст

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.