Владимир Путин фармон дар бораи даъвати ҳайати захиравиро барои тамринҳои ҳарбӣ имзо кард

Владимир Путин, президенти Русия фармон дар бораи даъвати шаҳрвандони дар захира бударо барои омодагии ҳарбӣ имзо кард. Ҳуҷҷати дахлдор дар пойгоҳи расмии иттилооти ҳуқуқӣ нашр шудааст. Мутобиқи фармони имзокардаи раисиҷумҳур шаҳрвандони дар захира будаи Русия барои гузаштани омӯзиши низомӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳи Федератсияи Русия, нерӯҳои Гвардияи миллии Федератсияи Русия, мақомоти амнияти давлатӣ ва Хадамоти федеролии […]

Владимир Путин, президенти Русия фармон дар бораи даъвати шаҳрвандони дар захира бударо барои омодагии ҳарбӣ имзо кард. Ҳуҷҷати дахлдор дар пойгоҳи расмии иттилооти ҳуқуқӣ нашр шудааст.

Мутобиқи фармони имзокардаи раисиҷумҳур шаҳрвандони дар захира будаи Русия барои гузаштани омӯзиши низомӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳи Федератсияи Русия, нерӯҳои Гвардияи миллии Федератсияи Русия, мақомоти амнияти давлатӣ ва Хадамоти федеролии амният даъват карда мешаванд.

Мутобиқи фармони имзошуда ҳукумат ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии минтақаҳо ҷиҳати иҷрои қарори мазкур ва даъвати нафарони дар захира қарордошта масъуланд.

Бандҳои дуюм ва сеюми фармон пинҳон карда шудаанд. Аз ин лиҳоз, маълум нест, ки чанд нафар ба таълими ҳарбӣ даъват карда мешаванд.

Рӯзи 1-уми апрел дар Русия даъвати баҳорӣ ба артиш шурӯъ шуд. Мувофиқи фармони раисиҷумҳур ба артиши Русия 147 ҳазор нафар даъват карда мешаванд. Рӯзи 15-уми апрел Ситоди генералии Русия эълон кард, ки даъвати баҳорӣ тибқи нақша ҷараён дорад ва рӯзи 15-уми июл ба анҷом мерасад, хабар медиҳад Интерфакс.

Фармон дар бораи даъват ба омодагии ҳарбӣ аз ҷониби президент ҳамасола ба имзо мерасад. Ин чорабинии ба нақша гирифташуда барои баланд бардоштани маҳорати ҷангии низомиён мебошад. Даъватнома ба шаҳрвандони дар захира буда пас аз расидани дастури дахлдори Вазорати мудофиаи Русия ба комиссариатҳои ҳарбӣ фиристода мешавад. Давомнокии ҳадди ниҳоии тарини низомӣ барои як нафар ду моҳ аст. Як нафар метавонад дар се сол як маротиба ба тамрини ҳарбӣ даъват карда шавад ва дар умум, як нафар то 12 моҳ метавонад дар тамринҳои низомӣ қарор дошта бошад.

Як ҳафта пеш вазорати дифои Русия тартиби ирсоли даъватномаҳои электрониро омода кард. Ҳамакнун, ба даъватшаванда дар баробари ирсоли даъватнома тариқи почта, ҳамчунин тавассути почтаи электронӣ низ метавонанд даъватнома ирсол намоянд.

15 апрел Путин қонун дар бораи феҳристи ягонаи сабти даъватшавандагонро тасвиб кард. Навгониҳо ба даъватшавандагон сафар ба хориҷа, анҷом додани муомилот бо амволи ғайриманқул ва воситаҳои нақлиёт, бо истифода аз шаҳодатномаи ронандагӣ, қайди соҳибкории инфиродиро манъ мекунад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.