Қаллобӣ ва тасарруфи 70 ҳазор доллар дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурову авбошии ноболиғ дар Турсунзода

Дар Суғд марди 33-соларо барои қаллобӣ ва тасарруфи 70 ҳазор доллари амрикоӣ боздошт ва бар зиддаш парвандаи ҷиноятӣ боз намудаанд. Дар ин бора Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон (ВКД) хабар медиҳад. Ба гуфтаи манбаъ, кормандони милитсия зимни гузаронидани чораҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ марди 33-солаи сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти қаллобӣ дастгир намуданд. “Аз […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Дар Суғд марди 33-соларо барои қаллобӣ ва тасарруфи 70 ҳазор доллари амрикоӣ боздошт ва бар зиддаш парвандаи ҷиноятӣ боз намудаанд. Дар ин бора Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон (ВКД) хабар медиҳад.

Ба гуфтаи манбаъ, кормандони милитсия зимни гузаронидани чораҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ марди 33-солаи сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти қаллобӣ дастгир намуданд.

“Аз охири соли 2018 то аввали соли 2019 гумонбар аз як сокини 46-солаи шаҳри Бӯстон 70 ҳазор доллари амрикоиро гирифта, ҳамагӣ 2 ҳазор долларашро баргардонидааст”, – менависад манбаъ.

Ҳоло нисбати гумонбаршуда бо моддаи 247 (қаллобӣ), қисми 4-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Ҳамчунин, ВКД хабар медиҳад, ки ду рӯз пеш, 13-уми май, дар шаҳри Турсунзода як марди 33-соларо ноболиғи 15-сола бо корд ба қисмати гарданаш зада, ӯро захмӣ кардааст.

Гуфта мешавад, ки ин ҳодиса дар ҷойи кори ҷабрдида, дар дӯкони таъмири телефонҳои мобилӣ, воқеъ дар дохили бозори “Баракат”-и шаҳри Турсунзода рух додааст.

Сабаби он “ба миён омадани муноқиша” гуфта мешавад.

Ба иттилои мақомот, ҳоло аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.