ВКД: Се садамаи нақлиёт дар ду рӯзи гузашта

Дар дурӯзаи сипаришуда дар ҳудуди кишвар се садамаи нақлиёт ба вуқӯъ пайваста, дар натиҷа ду ронанда ва як мусофир ба ҳалокат расидаанд. Дар ин бора Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад. Ба гуфтаи манбаъ, 13-уми май, тахминан соати 22:35-дақиқа, ронандаи автомашинаи боркаши тамғаи “Долун”, Суҳроб Нуриддинови 45-сола, сокини шаҳри Ваҳдат, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Дар дурӯзаи сипаришуда дар ҳудуди кишвар се садамаи нақлиёт ба вуқӯъ пайваста, дар натиҷа ду ронанда ва як мусофир ба ҳалокат расидаанд. Дар ин бора Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Ба гуфтаи манбаъ, 13-уми май, тахминан соати 22:35-дақиқа, ронандаи автомашинаи боркаши тамғаи “Долун”, Суҳроб Нуриддинови 45-сола, сокини шаҳри Ваҳдат, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Ваҳдат ба самти шаҳри Душанбе дар километри 31-уми роҳи мошингарди Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ аз уҳдаи идораи нақлиёт набаромада, ба ду автомашинаи дар канори роҳ истода бархӯрдааст.

“Автомашинаи дар канори роҳ истодаи “Мерседес-Бенс” таҳти идораи Бобоҷон Ғозиеви 41-сола ва автомашинаи тамғаи “Хундай-Элантра” таҳти идораи Шокир Ҳайдарови 39-сола буда, дар натиҷаи ин ҳодиса аз роҳи калони мошингард баромада, чаппа шудаанд”, – омадааст дар хабар.

Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс” Бобоҷон Ғозиев дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Тақдири ҳаёти ду нафари дигар номаълум аст.

Ҳамин тавр, тахминан соати 19:30-дақиқаи 13-уми май, ронандаи, автомашинаи тамғаи “Маз-630305”, Эҳронҷон Очилови 26-сола, сокини шаҳри Истаравшан ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи Душанбе-Чаннок дар ҳудуди ноҳияи Айнӣ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба сангпораҳои канори роҳ бархӯрдааст.

“Дар натиҷа мусофири автомашинаи мазкур Дилшод Очилови 19-сола, сокини шаҳри Истаравшан, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расид”, – менависад ВКД.

Ҳамчунин, дирӯз, тахминан соати 13:30-дақиқаи 14-уми май Сафаралӣ Қодирови 34-сола, сокини ноҳияи Ҳамадонӣ, ронандаи мототсикли боркаши тамғаи “Хунда” ҳангоми ҳаракат аз самти ҷамоати деҳоти Меҳнатобод ба самти ҷамоати деҳоти Даштигулҳо садама карда, дар натиҷа дар ҷои ҳодиса ҷон додааст.

Гуфта мешавад, Сафаралӣ Қодиров мототсикли боркаши тамғаи “Хунда”-ро ба ҷӯйбори обгузар чаппа намудааст.

Ба иттилои ВКД, дар робита ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.