Давлаталӣ Саид ба узвият дар Маҷлиси миллӣ пешбарӣ мешавад

Мақомоти вилояти Хатлон мехоҳад, ки номзади худро ба узвияти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон пешниҳод кунад. Интизор меравад, ки Давлаталӣ Саид, иҷрокунандаи раиси вилояти Хатлон дар Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон номзад пешниҳод шавад. Тавре нашрияи вилоятии “Хатлон” иттилоъ медиҳад, ин масъала рӯзи 19-уми май дар иҷлосияи ғайринавбатии Маҷлиси вакилони халқи вилоят баррасӣ хоҳад шуд. […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Мақомоти вилояти Хатлон мехоҳад, ки номзади худро ба узвияти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон пешниҳод кунад. Интизор меравад, ки Давлаталӣ Саид, иҷрокунандаи раиси вилояти Хатлон дар Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон номзад пешниҳод шавад.

Тавре нашрияи вилоятии “Хатлон” иттилоъ медиҳад, ин масъала рӯзи 19-уми май дар иҷлосияи ғайринавбатии Маҷлиси вакилони халқи вилоят баррасӣ хоҳад шуд.

Гуфта мешавад, ки ин даъвати 6-уми вакилони халқи вилоят аст ва инчунин дар он масъалаҳои ҷорӣ низ баррасӣ мешавад.

Бояд гуфт, ахиран Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон қарор карда буд, ки интихоботи узви нави Маҷлиси миллӣ ба ҷои узви ихроҷшуда 21-уми июни соли равон баргузор мегардад.

Маврид ба зикр аст, ки яке аз аъзои Маҷлиси миллӣ дар вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, раиси пешини вилоят буд, ки ахиран барканор шуд.

Қурбон Ҳакимзода, ки дар палатаи болоии парлумон роҳбарии Кумита оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экологияро ба уҳда дошт, ахиран бо фармони раисҷумҳур вазири кишоварзӣ таъйин гардид.

Ҳоло интизор меравад, ки Давлаталӣ Саид, иҷрокунандаи раиси вилояти Хатлон дар Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон номзад пешниҳод шавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.