Беш аз 460 млн. сомонӣ. Ҳукумати Тоҷикистон қарзи Агентии беҳдошти заминро пардохт мекунад

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо як қарори худ қарзи Агентии беҳдошти замин ва обёриро, ки то 1 январи соли 2023 ташакул ёфтаанд, ҷуброн кардааст. Дар қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи солимгардонии вазъи иқтисодию молиявии низоми беҳдошти замин, обёрӣ ва энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки 28-уми марти соли 2023 қабул гардидааст, гуфта мешавад, аз ҳисоби маблағҳои депозитии […]

Сайраҳмон Назриев, махсус барои asia+

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо як қарори худ қарзи Агентии беҳдошти замин ва обёриро, ки то 1 январи соли 2023 ташакул ёфтаанд, ҷуброн кардааст.

Дар қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи солимгардонии вазъи иқтисодию молиявии низоми беҳдошти замин, обёрӣ ва энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки 28-уми марти соли 2023 қабул гардидааст, гуфта мешавад, аз ҳисоби маблағҳои депозитии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои танзими уҳдарориҳои молиявӣ дар назди ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” 467 миллиону 230 ҳазору 608 сомонӣ ва ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” барои танзими қарзҳои ташкилотҳои аз буҷети давлатӣ  маблағгузоришаванда, ки ба 1 январи соли 2023 ташакул ёфтаанд, 37 миллиону 525 ҳазору 490 сомонӣ ҷудо карда шавад. Дар умум ин маблағ 504 миллиону 756 ҳазору 98 сомониро ташкил мекунад.

Мувофиқи ин қарор Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ вазифадор шудааст, ки 467 миллиону 230 ҳазору 608 сомониро барои пардохти ҳақи барқи истифодакардааш ба суратҳисоби ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” гузаронад.

Ҳамчунин, аз ҳисоби маблағҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои пардохти ҳақи истифодаи барқи пойгоҳҳои обкашӣ ба Агентии беҳдошт ва обёрӣ пешбинӣ шудааст, 5 млн. сомониро барои хариди таҳҷизоти баҳисобгирии нерӯи барқ ва ҷорӣ кардани низоми билингии пардохти ҳақи барқ сарф намояд.

“То 1-уми июли соли 2023 бояд ҳама пойгоҳҳои обкашии зертобеи Агентии беҳдошти замин ва обёри ба феҳрести махсус ворид карда шуда, ҳақи истифодаи об тариқи ғайринақдӣ пардохт карда шавад”, – зикр мешавад дар қарор.

Мувофиқи қарори мазкур ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” вазифадор шудааст, ки 504 миллиону 756 ҳазору 98 сомоние, ки аз ҳисоби Агентии беҳтошти замин ва обёрӣ ва қарзи ташкилотҳои буҷетӣ ба суратҳисобаш ворид шудаанд, пурра ба суратҳисоби ҶСШК “Барқи тоҷик” барои коҳиш додани қарзи истифодаи нерӯи барқ равона кунад. ҶСШК “Барқи тоҷик” бошад, ин маблағ, яъне 504 миллион 756 ҳазору 98 сомониро барои пардохти қарзаш дар назди НБО “Роғун” равона кунад.

Дар яке аз бандҳои ин қарор омадааст, ки дар Сарраёсати марказии хазинадории Вазорати молияи кишвар суратҳисоби махсус барои воридоти қарзҳои ҳаққи истифодаи об кушода шавад. Агентии беҳдошти замин ва обёриро вазифадор кардааст, ки то 1-уми январи соли 2026 дар ҳамбастагӣ бо мақомоти назоратию санҷишӣ маблағҳои қарзи ҳаққи истифодаи обро, ки ба 1-уми январи соли 2023 ташаккул ёфтаанд, ба ин суратҳисоб ворид кунад. Аз ҳисоби воридоти ин маблағҳо 30 дарсади он ба Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ ва 70 дарсади боқимонда барои сохтмони иншооти муҳими давлатӣ аз ҷумла, обрасонӣ равона карда шаванд.

Чуноне аз замимаҳои ин қарор дида мешавад, бештари қарзҳои ташкилотҳои буҷетӣ аз ҳисоби истифодаи ҳақи барқ ба соҳаи маориф, тандурустӣ, ҳифзи ҳуқуқи вилоятҳои Суғду Хатлон рост меояд. 

Як манбаъ аз филиали ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” дар шаҳри Бохтар ба “Азия-Плюс” гуфт, вобаста ба қарзи ташкилотҳои буҷетӣ ва идораҳои беҳдошти замин ва обёрӣ мушкилу баҳсҳои зиёде буд ва баъди ин қарори ҳукумат вазъ хеле сабук гардид.

Ёдовар мешавем, ки намояндагони ҶСК “Шабакаи тақсимоти барқ” 13-уми феврали соли ҷорӣ, зимни нишасти матбуотӣ хабар дода буданд, ки ҳаҷми умумии қарз идораву корхонаҳо дар назди ин ширкат ҳудуди 3,7 млрд сомониро ташкил медиҳад.

Он замон “Ширкати алюминии тоҷик” (ТАЛКО), Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ аз бузургтарин қарздорон номбар карда шуд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.