Сангалӣ, Фараҳноз, Фаридун, Нигора… Кумитаи андоз рӯихати овозхонҳои андозгурезро нашр кард

Кумитаи андози Тоҷикистон исми тақрибан 100 овозхони тоҷикро барои бе қайд дар мақомоти андоз фаъолият кардан ва гурез аз пардохти маблағи андоз нашр кардааст. Ин рӯихатро ҳафтаномаи расмии Кумитаи андоз – “Боҷу хироҷ” дар шумораи охири худ нашр кардааст. Кумитаи андоз аз он изҳори нигаронӣ намудааст, ки бархе  овозхонҳо дар аввал барои қонунӣ кардани фаъолияташон […]

Asia-Plus

Кумитаи андози Тоҷикистон исми тақрибан 100 овозхони тоҷикро барои бе қайд дар мақомоти андоз фаъолият кардан ва гурез аз пардохти маблағи андоз нашр кардааст. Ин рӯихатро ҳафтаномаи расмии Кумитаи андоз – “Боҷу хироҷ” дар шумораи охири худ нашр кардааст.

Кумитаи андоз аз он изҳори нигаронӣ намудааст, ки бархе  овозхонҳо дар аввал барои қонунӣ кардани фаъолияташон патент гирифта, сипас, онро қатъ намудаанд ё бо гузашти солҳо дар бораи даромади худ гузориш надодаанд. 

Мақомоти андоз: Шумораи сарояндаҳои андозгурез меафзояд

Дар миёни сарояндаҳое, ки аз андоз қарздоранд, исми Сангалӣ Мирзоев, Суруш Холов, Ҳабиба Давлатова, Содиқҷон Холов ва Зиёвиддини Нурзод ҳам ҳаст.

Ба ҳисоби умумӣ, дар 5 моҳи соли равон 35 сарояндаи қарздор бояд ба буҷет беш аз 150 ҳазор сомонӣ пардохт мекарданд, вале ҳоло беш аз 72 ҳазор сомонӣ пардохт шудаасту халос.

Кумитаи андоз яке аз сабабҳои гурез аз пардохти андозро “бо баҳонаи фаъолият намудани ҳунармандон дар муассисаҳои давлатии фарҳангӣ ва ё иштирок дар чорабиниҳои давлатӣ” унвон кардааст.

Ҳамчунин, ин ниҳод исми сарояндаҳоеро нашр кардааст, ки бидуни қайд дар мақомоти андоз фаъолият мекунанд.

Шумораи умумии онҳо 54 нафар буда, дар миёни онҳо исми сарояндаҳои машҳур Фараҳноз Шарипова, Нигора Холова, Пенҷӣ Анаев, Муслима Қодирова, Зикруоллоҳ Ҳакимов, Шаҳриёр Давлатов, Зафар Аюбӣ, Муҳаммадрафии Кароматулло, Исроил Файзиддинов, Дилноза Каримова, Шаҳроми Абубакр, Фаридуни Хуршед ва Нишонаи Рустам низ ҳаст.

Манбаъ нигаронӣ кардаст, ки рӯз аз рӯз, теъдоди ҳунармандон (сарояндагону навозандагон ва раққосон)-и аз андоз қарздор афзуда истодааст.

Нигаронӣ аз афзоиши қарзи андоз аз ҳисоби сарояндагон

Ин ниҳод ҳамчунин, аз афзоиш ёфтани бақияи қарзи андозҳо аз ҳисоби як зумра сарояндагон нигаронӣ кардааст.

“Омилҳои асосии дар назди буҷет қарздор мондани ҳунармандонро, пеш аз ҳама, дар паст будани маърифати андозсупории иддае аз онҳо ва дар муҳлатҳои муқарраргардидаи қонунгузории андоз ба таври дахлдор ва пурра иҷро нашудани уҳдадориҳои андозӣ аз ҷониби сарояндагон маънидод мекунанд”, – афзудааст Кумитаи андоз.

Ба иттилои манбаъ, ба ҳолати 10-уми июни соли равон аз ҳисоби 35 сароянда қариб 500 ҳазор сомонӣ бақияи қарзи андоз мавҷуд аст.

Ин ниҳод гуфтааст, барои фаъолияти сарояндагӣ навозандагӣ шаҳодатнома бо шартҳои махсус  пешбинӣ гардидааст ва маблағи барои фаъолияти сарояндагӣ бе ташкили студияи шахсӣ 985 сомонӣ, фаъолияти навозандагӣ, раққосӣ, барандагӣ дар ҷашну маъракаҳо 217 сомонӣ ва фаъолияти суратгирӣ, банаворгирии ҷашну маъракаҳо (бидуни ташкили студияҳо) (берун аз бинои статсионарӣ) 165 сомонӣ муқаррар гардидааст.

Дар пай ҷазои маъмурӣ дорад

Ин ниҳод гуфтааст, барои иҷрои уҳдадорӣ, ба суроғаи сарояндаҳои аз андоз қарздор борҳо огоҳинома ҷиҳати пардохт кардани қарзи андозҳояшон ирсол шудааст, вале ҳунармандон муқаррароти огоҳиномаро нодида гирифта, нисбат ба иҷрои талаботи он беэътиноӣ зоҳир карда истодаанд, ки ин дар навбати худ ҷазои маъмуриро талаб мекунад.

Назари худи ҳунармандон дар робита ба иддаои Кумитаи андоз ҳоло маълум нест. Ҳарчанд, аз ин пештар ҳам мақомоти андоз рӯихати овозхонҳои аз андоз қарздорро нашр карда буд ва худи онҳо онро рад карда гуфта буданд, ки андозҳоро пардохт мекунанд. 

Овозхонӣ дар Тоҷикистон як соҳаи сердаромад дониста мешавад ва вобаста ба меъёри маъруфияташон, санъаткорон пули хуб ҳам ба даст меоранд. Бо таваҷҷӯҳ ба ин Кумитаи андоз пардохти андозро барои овозхонон ҳатмӣ кард.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.