Хисороти шамолу борони дирӯза. Дар Душанбе боми хонаҳо канда шуда, дар ноҳияҳо сел роҳҳоро баст

Рӯзи 14-уми июн, дар деҳаи Нимичи ҷамоати деҳоти Ҷафри ноҳияи Рашт бар асари боришоти зиёд сел омадааст, ки дар натиҷа, 10 сар чорвои калони шохдор ва 20 сар чорвои майда талаф ёфта, 5 хонаи истиқоматӣ, 3 бинои ёрирасон осеб дидаанд. Дар ин бора КҲФ Тоҷикистон хабар медиҳад. Ин ниҳод гуфт, ҳамчунин, дар ин минтақа, 20 […]

Рӯзи 14-уми июн, дар деҳаи Нимичи ҷамоати деҳоти Ҷафри ноҳияи Рашт бар асари боришоти зиёд сел омадааст, ки дар натиҷа, 10 сар чорвои калони шохдор ва 20 сар чорвои майда талаф ёфта, 5 хонаи истиқоматӣ, 3 бинои ёрирасон осеб дидаанд. Дар ин бора КҲФ Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ин ниҳод гуфт, ҳамчунин, дар ин минтақа, 20 қитъаи наздиҳавлигӣ, 5 гектар замини кишоварзӣ зери об мондаанд.

Манбаъ, ҳаҷми зарарро нашр накарддаст, танҳо навиштааст, ки дар ҳоли ҳозир комиссияи ҳолатҳои фавқулодда дар ҷои ҳодиса кор бурда, ҳаҷми хисороти расида муайян карда мешавад.

Ҳамин тавр, дирӯз дар километри 250-уми шоҳроҳи Душанбе-Ваҳдат-Лахш, дар ҳудуди Арчақаппа, ҷамоати деҳоти Сурхоби ноҳияи Ляхш сел омада, боиси баста шудани мачрои дарёи Сурхоб гардидааст.

Дар натиҷа сел ҳудуди 350 метр роҳи мошингардро шуста, ду сутун ва ҳудуди 300 метр симро кандааст.

Ҳамзамон дар ҳудуди деҳаи Яхчи ноҳияи Нуробод сел роҳи мошингади деҳаро бастааст.

Инчунин обхезӣ дар километрҳои 9, 27, 39 ва 55-и роҳи мошингарди Лаби-Ҷар-Сангвор боиси баста шудани ҳаракати нақлиёт гардидааст.

Рӯзи 14-уми июн, дар Душанбе, ба гуфтаи ин ниҳод, бар асари шамоли шадид бомҳо канда шуда, дарахтон шикастаанд.

Ба гуфтаи КҲФ, дар натиҷаи ҳамаи ин ҳодисаҳо талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.