Манбаъ: “5 ҳазор ҷаримаи пардохтнашуда сабаби “разборка”-и тоҷикон дар Екатеринбург”

Сабаби муноқишаву ҷанҷоли тоҷикистониён дар шаҳри Екатеринбурги Русия, ки дар ҷараёни он ду нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ кушта шуданд, ҷаримаи автомашина буда метавонад, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Консулгарии генералии Тоҷикистон дар Екатеринбург. “Муноқиша барои хариду фурӯши автомашина рух додааст, – гуфт манбаъ. – Молики автомашинаи фурӯхташуда қаблан ҷаримаро пардохт накардааст. Агар хато накунам, ин ҷо […]

Сабаби муноқишаву ҷанҷоли тоҷикистониён дар шаҳри Екатеринбурги Русия, ки дар ҷараёни он ду нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ кушта шуданд, ҷаримаи автомашина буда метавонад, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Консулгарии генералии Тоҷикистон дар Екатеринбург.

“Муноқиша барои хариду фурӯши автомашина рух додааст, – гуфт манбаъ. – Молики автомашинаи фурӯхташуда қаблан ҷаримаро пардохт накардааст. Агар хато накунам, ин ҷо сари ҳамагӣ 5 ҳазор рубл ҷарима сухан меравад”.

Аз пешниҳоди дигар ҷузъиёти масъала манбаъ худдорӣ кард.

Ӯ ҳамчунин тасдиқ намуд, ки як тан аз гумонбаршудагон – Суҳроб Давлатов боздошт шудааст.

“Дигариро шояд имрӯз дар ҳамин ҷо боздошт кунанд. Боз сеюмаш ҳам ҳаст, ки эҳтимол дар қаламрави Қазоқистон пинҳон шудааст”, – изҳор дошт манбаъ бидуни ифшои ному насаби онҳо.

Зимнан зикр шуд, ки рӯзи 14 июн намояндагони Консулгарии генералӣ бо пайвандони ҳалокшудагон вохӯрдаанд.

“Ба онҳо дар таҳияи ҳуҷҷатҳо ва фиристодани ҷасадҳо ба ватан кумак расонида шуд”, – илова кард манбаъ.

Чӣ ҳодиса рух дод?

Шаби 11 ба 12 июн дар шаҳри Екатеринбурги Русия бо иштироки зодагони Тоҷикистон ҷанҷолу занозании гурӯҳӣ доир гардида, дар натиҷа ду тоҷикистонии соли таваллудашон 1984 ва 2002 – Темур Исмоилов ва Ҳофиз Ниёззода аз зарби корд ҳалок шуданд. Боз 3 нафар дигари иштирокчиёни ҷанҷол бо ҷароҳатҳо дар бемористони №36-и шаҳр бистарӣ шудаанд.

Роҳбари диаспораи тоҷикони Урал Фаррух Мирзоев хабар дода буд, ки ҳарду ҳалокшудагон дар як сохтмоне дар Екатеринбург кор мекардаанд. Ба гуфтаи ӯ, яке аз дигаре пул қарздор буда, бо одамони худаш барои ҳалли масъала омадааст, ки дар натиҷа муноқиша шудааст.

“Ин ҷо ҳалли масъала байни танҳо тоҷикон буд, – изҳор дошта буд номбурда. -Онҳо аввал муноқишаи лафзӣ ва сипас кордкашӣ кардаанд, ки дар натиҷа ду кас ҳалок шуданд. Ягон пул ба умри инсон намеарзад”.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.