Дар як ҳавзе дар Петергоф 2 духтари тоҷик ғарқ шуданд

Дар ҳавзи Круглийи Петергофи наздикии шаҳри Санкт-Петербург 2 духтар ғарқ шуданд. Духтарон 12 ва 14-сола будаанд. Ин хоҳарон ҳамроҳи хонаводаашон аз Тоҷикистон ба Русия омадаанд, хабар медиҳад "Фонтанка". Ин ҳодисаи нохуш тақрибан соати 17:00 ба вақти маҳаллӣ рух додааст. Духтарон бо падар, модаркалон ва бародари 4-солаашон ба ҳавз омадаанд. Тибқи баъзе маълумот, бо вуҷуди шино […]

Дар ҳавзи Круглийи Петергофи наздикии шаҳри Санкт-Петербург 2 духтар ғарқ шуданд. Духтарон 12 ва 14-сола будаанд. Ин хоҳарон ҳамроҳи хонаводаашон аз Тоҷикистон ба Русия омадаанд, хабар медиҳад "Фонтанка".

Ин ҳодисаи нохуш тақрибан соати 17:00 ба вақти маҳаллӣ рух додааст. Духтарон бо падар, модаркалон ва бародари 4-солаашон ба ҳавз омадаанд.

Тибқи баъзе маълумот, бо вуҷуди шино карда натавоистанашон, духтарон ба об даромадаанд. Вақте ки яке аз онҳо ғарқ шудан мегирад, дуюмӣ ба кӯмаки вай шитофтааст. Дар натиҷа, онҳо якҷоя ғарқ шудаанд.

Ба падари духтарон муяссар шудааст, ки ҳамроҳи дигар истироҳаткунандагон духтари хурдиро ба соҳил бароранд, аммо ҷасади духтари калонӣ ба умқи об рафтааст. Ҷасади ӯро наҷотдиҳандагони ба ҷойи ҳодиса ҳозиршуда берун овардаанд. Духтари 12-сола низ дигар ба ҳуш наомадааст.

Тавре ки зикр мегардад, муфаттишони ноҳияи Петродвортсовски раёсати шаҳрии Кумитаи тафтишот аз рӯи ин ҳодиса мутобиқи моддаи 109, қисми 3-и КҶ (ба марг оварда расонидани ду ва зиёда аз он шахсон аз беэҳтиётӣ) парвандаи ҷиноятӣ боз намудаанд. Ҳадди ниҳоии ҷазо мувофиқи ин модда маҳрумият аз озодӣ ба муҳлати 4 сол аст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.