Ҷабҳаи Озодӣ ҷобаҷогузории ҷангҷӯёни покистонӣ дар вилоятҳои шимоли Афғонистро хатар ба минтақа хонд

Пас аз нашри гузоришҳо дар бораи ҷобаҷогузории ҷангҷӯёни покистонӣ дар вилоятҳои шимолии Афғонистон, Ҷабҳаи озодӣ мегӯяд, ки ин амали Толибон* заминаҳои ҳампазирӣ ва зисти мусолиматомези қавмҳоро нобуд мекунад. Дар ин бора рӯзномаи “8 субҳ”-и Афғонистон хабар медиҳад. Ин ҷабҳаи низомии зидди Толибон* имрӯз, 15 июн, дар изҳороте тағйири рафтори ҷамъиятӣ дар шимоли Афғонистон аз сӯйи […]

Пас аз нашри гузоришҳо дар бораи ҷобаҷогузории ҷангҷӯёни покистонӣ дар вилоятҳои шимолии Афғонистон, Ҷабҳаи озодӣ мегӯяд, ки ин амали Толибон* заминаҳои ҳампазирӣ ва зисти мусолиматомези қавмҳоро нобуд мекунад. Дар ин бора рӯзномаи “8 субҳ”-и Афғонистон хабар медиҳад.

Ин ҷабҳаи низомии зидди Толибон* имрӯз, 15 июн, дар изҳороте тағйири рафтори ҷамъиятӣ дар шимоли Афғонистон аз сӯйи онҳоро барномарезишуда хонда гуфтааст, “Толибон тухми нифоқ, тундравӣ ва терроризмро дар сарзамини мо мекоранд."

Бар асоси эъломияи Ҷабҳаи Озодӣ, Толибон* дар канори равобити наздик бо “Ал-Қоида”* ва “ДОИШ”* барои гурӯҳҳои дигари террористӣ, аз қабили “Ансоруллоҳ”, “Ҳаракати исломии Туркистони Шарқӣ” ва “Ҳаракти исломии Ӯзбекистон” дар вилоятҳои шимоли Афғонистон мусоидат кардаанд.

Ин ҷабҳа паёмадҳои интиқоли Толибони Покистон ба шимолро ба кишварҳои минтақа ва ҷаҳон хатарнок хондааст.

Ба иттилои манбаъ пас аз нашри хабарҳо дар расонаҳо дар бораи интиқоли Толибони Покистон аз нуқтаҳои марзӣ, Забеҳулло Муҷоҳид, сухангӯи Толибон ин мавзӯъро таъйид кардааст.

Ӯ дар сӯҳбат бо расонаҳо гуфтааст, ки шояд барои рафъи нигарониҳо бархе аз муҳоҷирони покистонӣ аз минтақаи марзии ду кишвар (Покистон ва Афғонистон) ба вилоятҳои шимолӣ интиқол дода шаванд.

Ин тасмими Толибон боиси нигаронии аксари шаҳрвандони Афғонистон ва ҷараёнҳои низомию сиёсии зидди Толибон шудааст.

Қаблан Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ба раҳбарии Аҳмад Масъуд ва Шӯрои олии муқовимати Афғонистон низ ин амали гурӯҳи Толибонро* тағйирот дар сохтори ҷамъиятии мардум дар шимоли ин кишвар хонда буданд.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо – "Афғонистон" бихонед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.