“Вазъи саломатии Рустам Ашӯров хеле вазнин аст”. Ҷузъиёти нав оид ба гумонбари рабудани Шуҳрат Исматуллоев

Вазъи саломатии Рустам Ашӯров, шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар фурудгоҳи Кишинёви Молдова як марзбон ва як афсари амниятро ҳадафи тир қарор дода, чанд нафарро захмӣ кард ва дар ҷараёни амалиёти безараргардонӣ захмӣ шуда ба беморхона интиқол ёфт, хеле вазнин боқӣ мемонад. Дар ин бора хабаргузории ТАСС бо такя ба котиби матбуотии вазорати корҳои дохилии Молдова Диана […]

Asia-Plus

Вазъи саломатии Рустам Ашӯров, шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар фурудгоҳи Кишинёви Молдова як марзбон ва як афсари амниятро ҳадафи тир қарор дода, чанд нафарро захмӣ кард ва дар ҷараёни амалиёти безараргардонӣ захмӣ шуда ба беморхона интиқол ёфт, хеле вазнин боқӣ мемонад. Дар ин бора хабаргузории ТАСС бо такя ба котиби матбуотии вазорати корҳои дохилии Молдова Диана Фетко хабар медиҳад.

Фетко ба ин расона гуфтааст, “аҳволи ҳамлагар ҳанӯз хеле вазнин аст, вай таҳти назорати пизишкон аст ва маъмурони интизомӣ посбонӣ мекунанд”.

"Қаблан сардори Бозрасии генералии пулиси Молдова Виорел Чернеутеану зимни нишасти матбуотӣ гуфта буд, ки Ашӯров аз музокира бо пулис худдорӣ кардааст ва ҳангоми ҳамла сахт маҷрӯҳ шудааст. Ба гуфтаи ӯ, Ашӯров дар бемористон, беҳуш, вале таҳти ҳимояти шадиди пулис аст", – менависад ин расона.

Мақомоти Тоҷикистон Рустам Ашӯровро, ки дар фурудгоҳи шаҳри Кишинёви давлати Молдова ду корманди ниҳодҳои қудратии ин кишварро бо истифода аз силоҳи худи онҳо кушт, яке аз дастандаркорони рабудани Шуҳрат Исматуллоев муаррифӣ карданд.

Прокуратураи генералии Тоҷикистон изҳор дошт, ки шаҳрванди дар фурудгоҳи шаҳри Кишинёв (Молдова) тирпароникарда ба бедарак шудани муовини раиси “Ориёнбонк” Шуҳрат Исматуллоев даст дорад.

Вазорати коҳои хориҷии Тоҷикистон иттилоъ дод, ки кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сафорати Тоҷикистон дар Молдова (бо қароргоҳ дар Киев) барои ҳамкории мутақобила бо ҳамтоҳояшон аз Молдова ҷиҳати ошкор намудани ҳамаи ҳолатҳои ҳодисаи рухдода ба шаҳри Кишинёв фиристода шуданд.

Радиои Озодӣ навишт, ки Рустам Ашӯров соли 2012 барои ҳамла ва ғорати 100 ҳазор доллари саррофон ба 13 соли зиндон маҳкум шуда, баъдтар давраи ҳабси ӯ то 9,5 сол кам карда шуд. Як сарчашмаи наздик ба Додгоҳи шаҳри Душанбе гуфтааст, Ашӯров тақрибан ду сол пеш аз маҳбас баромадааст.

Тибқи қонунҳои Молдова, агар Рустам Ашӯров зинда монад, ӯро ҳабси абад интизор аст.

Ёдовар мешавем, ки Шуҳрат Исматуллоев 23-юми июни соли 2023 дар Душанбе рабуда шуд. Тибқи иттилои Вазорати корҳои дохилӣ, ӯро тахминан соати 20:10-дақиқа дар кӯчаи Закариёи Розии ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт ба мошин савор карда, ба самти ноҳияи Варзоб бурданд.

Дар ҳамин ҳол, наҷотбахшони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон дар дарёи Зарафшон мошини муовини раиси “Ориёнбонк” саворшударо мекобанд. Аммо то ҳол на мошин ва на худи Шуҳрат Исматуллоев пайдо нашудаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.