Манбаъ: “Дар дидори раисони Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон баҳси марз масъалаи асосӣ буд”

Дирӯз, 17-уми июл, ҳайати вилояти Суғди Тоҷикистон, Фарғонаи Ӯзбекистон ва Ботканди Қирғизистон дар вилояти Ботканд мулоқоти сеҷониба анҷом додаанд. Ҳамзамон, дар мулоқоти Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ва Уларбек Шаршиев баҳси марз яке аз масъалаҳои асосии ин дидор будааст. Як манбаи огоҳ дар сӯҳбати телефонӣ имрӯз, 18-уми июл, ба “Азия-Плюс” гуфт, рӯзи гузашта фармондеҳони Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон – генерал-полковник […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Дирӯз, 17-уми июл, ҳайати вилояти Суғди Тоҷикистон, Фарғонаи Ӯзбекистон ва Ботканди Қирғизистон дар вилояти Ботканд мулоқоти сеҷониба анҷом додаанд. Ҳамзамон, дар мулоқоти Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ва Уларбек Шаршиев баҳси марз яке аз масъалаҳои асосии ин дидор будааст.

Як манбаи огоҳ дар сӯҳбати телефонӣ имрӯз, 18-уми июл, ба “Азия-Плюс” гуфт, рӯзи гузашта фармондеҳони Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон – генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ва генерал-майор Уларбек Шаршиев бо ҳам мулоқот анҷом додаанд.

“Онҳо сари масъалаи марзи Тоҷикистону Қирғизистон гуфтушунид карданд. Ҷузъияти ин мулоқот расман ироа намешавад”, – кӯтоҳ гуфт манбаъи мо.

Дар ҳамин ҳол, Музаффар Юнусзода, сухангӯи раиси вилояти Суғд ба “Азия-Плюс” дар ин маврид иттилоъ ироа накард, аммо афзуд, ки рӯзи гузашта, 17-уми июл, мулоқоти сеҷонибаи раиси вилояти Суғд – Раҷаббой Аҳмадзода, намояндаи ваколатдори Президенти Қирғизистон дар вилояти Ботканд -Абдикарим Алимбаев ва ҳокими вилояти Фарғона – Хайрулло Бозоров дар шаҳри Чӯлпон-ота сурат гирифт.

 “Мақсад аз ин мулоқот таҳким бахшидани ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва гуманитарӣ миёни вилоятҳои Суғду Фарғонаву Бодканд аст. Се ҷониб дар ин дидор таъкид карданд, ки солҳои охир ҳамкориҳо мустаҳкам гардида истодааст. Муносибатҳои ҳамсоядории хуби мардумони тоҷику ӯзбек ва қирғиз барои ин боз ҳам замина хоҳад гузошт”, – гуфт Музаффар Юнусзода

Юнусзода афзуд, ки дар ин сафар Раббой Аҳмадзодаро роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва раисони шаҳру ноҳияҳои наздисарҳадӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Ба гуфтаи ӯ, мулоқоти сеҷонибаи раисони вилоятҳои Суғду Фарғона ва Ботканд, ки дар рӯҳияи созанда ҷараён гирифтааст.

Маврид ба гуфтан аст, ки ҳафтаи гузашта намояндагони гурӯҳҳои кории топографии Тоҷикистон ва Қирғизистон дар шаҳри Ботканд мулоқот анҷом дода, масоили делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии ду кишварро баррасӣ намуда буданд.

Бояд гуфт, ки номуайянии хати сарҳади давлатӣ, истифода ва дастрасӣ ба об аз омилҳои аслии низоъ миёни Тоҷикистону Қирғизистон давоми солҳои охир будааст.

Ду кишвар беш аз 980 километр сарҳад доранд, вале солҳо боз зиёда аз сесад километри он таъйину аломатгузорӣ нашудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Тарҳи ҳифзи Душанбе аз гармӣ ва обхезӣ. Масъулин ва коршиносон чӣ нақша доранд?

Лоиҳаи арзишаш беш аз 10 млн сомонӣ ба таъмиру навсозии низоми таъминот бо об, коҳиши хавфи обхезиҳо ва омодагии шаҳр ба тағйирёбии иқлим равона шудааст.

Никоҳу талоқ дар Тоҷикистон коҳиш ёфтааст

Баландтарин теъдоди никоҳ ва талоқ ба вилояти Суғд рост меояд

“Аз таҳти дил ва самимӣ месароид”. Ёде аз Нигина Рауфова, маъруфтарин сарояндаи сурудҳои халқӣ

Имрӯз зодрӯзи Нигина Рауфова, Ҳофизи халқии Тоҷикистон ва яке аз сарояндагони беҳамтои сурудҳои халқӣ аст.

“Ман чӣ хел барои Лоиқ насӯзам?”. Гулрухсор аз Лоиқ Шералӣ ва як насли шаҳрофар ҳарф зад

Аз аввалин шиносоӣ ва охирин гулгузорӣ дар сари мазораш ҳам ёд овард.

Аҳолии Тоҷикистон дар се моҳ қариб 50 ҳазор зиёд шудааст

Дар ин давра таваллуд коҳиш ёфта, фавт афзудааст.

Ҷасади ду кӯдакро баъди 6 рӯзи бедаракшавӣ дар кӯҳҳо аз чуқурие пайдо кардаанд

Ин ду бародар барои чаронидани гов ба кӯҳ рафта гум шуда буданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 92

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 майи соли 2026

Аз консерти Толибхон Шаҳидӣ то зодрӯзи Нигина Рауфова ва Рӯзи ҷаҳонии гуногунрангии фарҳангӣ.